"Pars Today" як сойти хабарии эронӣ аст, ки бо баҳрагирӣ аз собиқаи беш аз 70 солаи бахши бурунмарзии Садо ва Симои Эрон ( IRIB Worldservice), бо рӯйкарди навини расонаӣ фаъолияти худро дар моҳи январи соли 2016 оғоз кардааст ва ба ироаи онлайни ахбор ва пӯшиши рӯйдодҳо бо беш аз 30 забони зиндаи дунё ( бархе забонҳо дар ҳоли роҳандозӣ аст) мепардозад.

"Pars Today" дорои хадамоти расонаӣ, шомили сойт, радио, пахш аз тариқи амвоҷи фриконсӣ, интернет, мобил ва ҳузур дар расонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Забонҳои албанӣ, арманӣ, банголӣ, англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, ҳусо, ибрӣ, ҳиндӣ, итолиёӣ, ҷопонӣ, қазоқӣ, савоҳилӣ, пашту, партугалӣ, испониёӣ ва туркӣ аз ҷумлаи забонҳои "Pars Today" барои иртибот бо мухотабони худ аст.

Таҳаввулоти Ховари Миёна ва нақшофаринии Эрон  ба унвони кишвари таъсиргузор дар минтақа ва ҳамин тавр кишвари амну дар ҳоли пешрафт бар аҳамияти ҳузури "Pars Today" ба унвони як расонаи таъсиргузор меафзояд.

Бахши тоҷикии "Pars Today" тавлидоти хабари сиёсӣ, фарҳангӣ ва динии худро дар қолаби чандрасонаӣ ва бо ҳадафи гуфтани ногуфтаҳои расонаҳои ҷаҳон ба мухотабони худ ироа мекунад.

Мухотабони бахши тоҷикии "Pars Today" хонандаҳои тоҷике ҳастанд, ки мавзӯҳои марбут ба Эрон, Ховари Миёна ва ҷаҳонро пайгирию дунбол мекунанд.

Барои иттилооти бештар бо мо дар тамос бошед.