Август 02, 2021 17:35 Asia/Dushanbe
  • Дар интихоботи рӯзи 18 июни 2021 Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ба пирӯзӣ расид
    Дар интихоботи рӯзи 18 июни 2021 Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ба пирӯзӣ расид

Маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии сездаҳуми Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбеи 5 август бо ҳузури 115 мақоми расмӣ аз 73 кишвари ҷаҳон, дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ баргузор мешавад.

Сайид Низомиддин Мӯсавӣ, сухангӯи ҳайати раисаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар нишасти хабарӣ ва дар ташреҳи ҷузиёти баргузории ин маросим гуфт: “Ба далели аҳамияти ин маросими миллӣ ва бо риояти ду асли баргузории бошукӯҳ ва обрӯманди маросим ва ҳамчунин риояти протоколҳои беҳдоштӣ, аз меҳмонони хориҷиву дохилӣ даъват ба амал омад”.

Вай афзуд: Бар асоси охирин иттилоот то кунун 10 тан аз раисону сарони кишварҳои мухталиф барои ҳузур дар ин маросим эъломи омодагӣ кардаанд.

Мӯсавӣ гуфт: Ҳамчунин 20 тан аз раисони маҷлис, 11 вазири хориҷа, 10 вазир аз сутӯҳи мухталиф ва намояндагони вижаи раисони давлатҳои мухталиф ва раисони маҷолис дар қолаби ҳайатҳои парлумонӣ дар маросими савгандёдкунии рӯзи панҷшанбе ширкат мекунанд.

Сухангӯи ҳайати раисаи маҷлиси Эрон хотирнишон кард: Мақомоту намояндагони 11 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ низ барои ҳузур дар Теҳрон эъломи омодагӣ кардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо намояндаи дабири кулли Созмони Милал, раиси ОПЕК, Итиҳоди Аврупо, АвруОсиё, Байналмаҷолиси исломӣ, G8 ва ЭКО ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп