Август 03, 2021 12:31 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб дар ҳукми танфизи раёсатҷумҳурӣ бар авлавиятҳои давлати сездаҳум таъкид карданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар ҳукми танфизи раёсатҷумҳурӣ бар майдон додан ба ҷавонон, рафъи мавонеи тавлид, тақвияти пули миллӣ ва тавонмандсозии мардум таъкид карданд.

Маросими танфизи ҳукми раёсатҷумҳурии давраи сездаҳум, дар Ҳусайнияи имом Хумайнӣ (р) имрӯз баргузор шуд ва ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо танфизи раъйи миллат, Саидиброҳими Раисиро ба раёсатҷумҳурии исломии Эрон мансуб карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳукми танфиз, ҳузури пурмаъно ва иззатофарини мардум дар интихобот ва интихоби шахсияте мардумӣ, парҳезгор ва дорои савобиқи дурахшони мудириятиро нишонаи азми росихи миллат бар паймудани масири нӯронии инқилоб яъне масири адолат, пешрафт ва озодӣ донистанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо ишора ба омодагии кишвар барои ҳаракати ҷаҳишӣ дар ҳамаи арсаҳо, бар рафъи мавонеи тавлид, тақвияти пули миллӣ, тавонмандсозии қишрҳои мутавассит ва поини ҷомеа ва ҳаракати пуршитоб ба самти ҷойгоҳи шоистаи кишвар таъкид карданд.

Дар матни ҳукми танфиз омадааст: Худованди алим ва қадирро сипос мегӯям, ки бо фазлу инояти худ, Эронро бори дигар дар озмуни сиёсӣ ва иҷтимоии интихобот сарафроз фармуд ва миллати азимушаън, дар шароитии печида ва душвор, бо ҳузури пурмаъно ва иззатофарини худ, ҳокимияти раъйи мардум бар идораи умури кишварро намоён сохт ва бо интихоби шахсияте мардумӣ ва олиқадр, аз табори сиёдат ва илм ва мазин ба парҳезгорӣ ва хирадмандӣ ва дорои савобиқи дурахшони мудирият, азми росихи худро бар паймудани масири нӯронии инқилоб, ки масири адолат ва пешрафту озодӣ ва иззат аст, нишон дод.

Дар идомаи матни ҳукми танфиз омадааст, имрӯз меҳани азизамон, ташнаи хизмат ва омодаи ҳаракати ҷаҳишӣ дар ҳамаи арсаҳо ва ниёзманди мудирияте бокифоят ва ҷиҳодӣ ва доно ва шуҷоъ аст, ки битавонад тавонмандиҳои ошкору наҳуфтаи миллат, бавижа ҷавононро, ки бисёр фаротар аз мушкилот аст, басиҷ карда ва ба майдони кору талоши созанда оварад. Мавонеъро аз сари роҳи тавлид бардорад, сиёсати тақвияти пули миллиро баҷид дунбол кунад ва қишрҳои мутавассит ва поини ҷомеаро, ки сангинии мушкилоти иқтисодӣ бар души онҳост, тавонманд созад, мудирияте, ки бо машии фарҳангии хирадмандона, масири эътилои моддӣ ва маънавии миллати Эронро ҳамвор карда, ҳаракати кишвар ба самти ҷойгоҳи шоистаашро шитоб бахшад. Акнун бо ташаккур аз мардуми азиз ва бо пайравӣ аз гузиниши онон, раъй ба алими фарзона ва хастагинопазир ва корозмуда ва мардумӣ, ҷаноби ҳуҷҷатулислом оқои Саидиброҳими Раисиро танфиз ва эшонро ба раёсатҷумҳурии исломии Эрон мансуб мекунам ва аз Худованди мутаол ва тавфиқу сарбаландии эшон ва ҳамкоронашонро масаллат менамоям ва ёдоварӣ мекунам, ки раъйи миллату танфизи инҷониб то ҳангомест, ки машии ҳамешагии эшон дар паймудани сироти мустақими ислом ва инқилоб идома дошта бошад, ки ба фазли иллоҳӣ чунин хоҳад буд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп