Август 03, 2021 14:12 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Таваҷҷуҳ ба раҳнамудҳои имом Хумайнӣ (р) ва раҳбарӣ мунҷар ба пешрафт ва иқтидор шуд

Раисҷумҳури ҷадиди Эрон таъкид кард, таваҷҷуҳ ба раҳнамудҳои имом Хумайнӣ (р) ва раҳбарӣ мунҷар ба пешрафт ва иқтидор шуд.

Ба гузориши хабаргузории садо ва симо, Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури ҷадиди Эрон сешанбе дар маросими танфизи раёсатҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Хуршеди тобноки мардумсолории динӣ беш аз 40 соли пеш дар ин сарзамин бо ҳидояти имом Хумайнӣ (р)-и  бузургвор ва азимушаън ва бо ҳиммати волои мардуми бузург ва вазифашинос тулуъ кард.

Раисҷумҳури ҷадиди Эрон бо ишора ба инки давлатмардон ва масъулон ва мардум дар ин 40 сол дар ҷиҳати таҳаққуқи мардумсолорӣ бисёр талош карданд, афзуд: Дар ин 40 соли онҷое, ки таваҷҷуҳ ба раҳнамудҳои имом Хумайнӣ (р) ва раҳбари инқилоби исломӣ ва сиёсатҳои низом шуд, ҳавзаи пешрафт, иқтидор ва иртиқо буд.

Раисӣ афзуд: Модели ҳукмронии навине ба олам арза шуд ва дар ин модели ҳукмронии нав, амри дин дар канори дунё, амри илм дар канори ахлоқ, амри адолат дар канори пешрафт, амри иззат дар канори рифоҳ ба олам арза шуд.

Раисӣ тасреҳ кард: Масъалаи касри буҷет, масъалаи суботи бозори биржа, контроли гаронӣ ва таваррум, масъалаи корона ва масоили дигаре, ки шинохта шуда ва роҳкорҳои он ҳам андешида шудааст.

Раисҷумҳури ҷадиди Эрон хотирнишон кард: Ба дунболи рафъи таҳримҳо хоҳем буд, вале суфраи мардумро ба бегонагон гиреҳ нахоҳам зад.

Бештар бихонед: