Август 02, 2021 16:39 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон
    Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон

Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар нишасти фавқуллодаи Шӯроӣ миллӣ гуфт, раванди сулҳ бар мардуми афғон таҳмил шуда буд ва ҳеч дастоварде ҷуз машруият бахшидан ба як гурӯҳи таҷовузгар надошт.

Ба гузориши хабаргузории “Садои Афғон” (Ово), дар нишасти фавқуллодаи Шӯрои миллии Афғонистон, ки рӯзи душанбе ба дархости раиси ҷумҳурӣ Ашраф Ғанӣ баргузор шуд, вай таъкид кард, замони як гуфтумони миллӣ фаро расидааст.

Ғанӣ афзуд: Дар нияти Толибон ва ҳомиёни он фитна вуҷуд дорад ва дар замири ин гурӯҳи хунхор сулҳи пойдор ва одилона вуҷуд надорад.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон бо ишора ба ин ки гоми шуҷоонае дар роҳи расидан ба сулҳи одилона бардоштаанд, аммо тарафи муқобил (Толибон) онро нишонаи заъф медонад, гуфт: “Интихоби худро кардаем: ё дар мизи музокира зонӯ ба зонӯ менишинем ё зонӯи Толибро дар майдони ҷанг мешиканем”.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Афғонистон, миллати афғон дар муқобили таҷовузи ошкори маккорону фитнагарон қарор гирифтаанд ва ҷанг бо ин фитнаҳо вазифаи ҳар фарди мусулмон аст.

Ғанӣ ёдовар шуд, ки ин фитнаҳо замоне авҷ гирифт ва ба мардум таҳмил шуд, ки давлат пружаҳои бузурги иқтисодиро ба даст гирифт.

Ашраф Ғанӣ дар поён аз намояндагони маҷлиси Афғонистон хост, ки ба унвони яке аз сутунҳои низом бо қотеият аз низоми кунунӣ дифоъ кардаву мардумро алайҳи террористҳову Толибон муттаҳид кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп