Август 03, 2021 16:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ду баробарии ҷурму ҷиноят дар 6 моҳи аввали 2021 дар Узбекистон

Аз оғози имсол токунӯн мизони вуқуъи ҷурм дар Узбекистон ду баробар афзоиш доштааст.

Ба гузориши АКИпресс, тайи 6 моҳи аввали соли 2021 дар Узбекистон 45 ҳазору 630 фақара ҷурм сабт шудааст.

Пӯлод Бобоҷонов, вазири кишвари Узбекистон дар ҳафдаҳумин иҷлоси маҷлиси Сенаи ин кишвар эълом кард, ин теъдод нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузаштаи милодб 111.9 дарсад бештар шудааст.

Ӯ афзуд, тайи 6 моҳи аввали соли 2020 дар Узбекистон 21 ҳазору 535 ҷурм сабт шуд, ки ба изои ҳар 100 ҳазор нафар ба таври мутавассит 63.3 фақара ҷурм рух додааст.

Вай унвон кард, ҳамчунин тайи 6 моҳи авали 2021, 77 қатл ва 798 даргирӣ дар байни аъзои хонаводаҳои Узбекистон рух додааст.

 

Барчасп