Август 03, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар навоҳии марзӣ бо Тоҷикистон

Нерӯҳои интизомии ва амниятии Қирғизистон дар ноҳияи марзии Ботканд амалиёти вижае ағоз карданд.

Ба гузориши сомонаи АКИпресс, ҳадаф аз ин амалиёти муқобила бо гурӯҳҳои қочоқ дар навоҳии марзии муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон эълом шудааст.

Дар ин амалиёт тамомии воҳидҳои низомӣ, интизомӣ ва марзбонии мустақар дар вилояти Ботканд ширкат карданд.

Мақомоти амниятии Қирғизистон муддаӣ ҳастанд бо вуҷӯди баста шудани марзи заминии ин кишвар бо Тоҷикистон қочоқчиёни фаъолияти худро барои интиқоли сӯхт, мева, сабзиҷот ва масолеҳи сохтумонӣ идома медиҳанд.

Пас аз баста шудани тамомии гузаргоҳҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар пайи даргирии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ қимати маводи ғизоӣ, сӯхт, масолеҳи сохтумонӣ дар ҳар ду кишвар афзоиш ёфт.

Бештар бихонед:

 

Барчасп