Август 03, 2021 17:18 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 6 фаластинӣ дар даргирӣ бо низомиёни саҳюнист

Манобеи фаластинӣ аз даргирии фаластиниҳо бо низомиёни саҳюнист дар шаҳри Ҷанин дар Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии «Маъо», субҳи имрӯз сешанбе низомиёни саҳюнист бо фаластиниҳо дар шаҳри Ҷанин дар Каронаи Бохтарии руди Урдун даргир шуданд ва ба самти фаластиниҳо гулӯла шиллик карданд.

Манобеи хабарии фаластинӣ мегӯянд, тирандозии низомиёни саҳюнист ба сокинони шаҳри Ҷанин ба захмӣ шудани 6 фаластинӣ мунҷар шуд.

Манобеи бемористонӣ эълом карданд, вазъияти ҷисмонии яке аз маҷрӯҳони фаластинӣ вахим аст.

Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеъаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин, ҳамла ва фаластиниёнро бо иддаоҳои беасос боздошт мекунанд.

Ҳамакнӯн 4500 фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд, ки 250 нафар аз онони кӯдак ва 47 нафар ҳам зан ҳастанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп