Июл 23, 2021 18:54 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши 230 ҳазор нерӯи низомӣ дар Тоҷикистон

Дар пайи ба садо даромадани занги хатар дар Тоҷикистон, ҳудуди 5 ҳазор мошин ва таҷҳизоти низомӣ ва 230 ҳазор нерӯ ба ҳолати омодабош даромаданд.

Ба гузориши “Форс”, занги хатар ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфармондеҳи кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба садо даромад.

Бо ба садо даромадани занги хатар, 100 ҳазор сарбозу афсари Нерӯҳои мусаллаҳ ва 130 ҳазор сарбозу афсари захира дар зудтарин замон ҷамъ  шуданд.

Дар ин иқдом, ки бо унвони “Марз – 2021” баргузор шуд, 1023 мошини низомии зиреҳӣ, 3167 василаи ҳамлу нақлу таҷҳизоти вижа, 447 тӯпу хумпора, 234 таҷҳизоти дифои ҳавоӣ, 45 фарванд ҳавопаймои низомӣ ва чархбол ва дар маҷмуъ 4 ҳазору 916 дастгоҳ таҷҳизоти низомӣ дар манотиқи амалиёт мустақар шуданд.

Дар иттилоияи бахши матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ин барнома дар саросари кишвар баргузор ва бо касби натоиҷи матлуб ба поён расид.

Раҳмон пас аз итмоми баррасии омодагии размии Нерӯҳои мусаллаҳ ва захираи Тоҷикистон, дар пойгоҳи Горди миллии кишвар ҳузур ёфт ва Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон аз омодагии воҳидҳо барои анҷоми паради низомӣ хабар дод.

Сипас раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ кард ва сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Дар шароити ҳассоси минтақаӣ ва ҷаҳонӣ барои давлати миллии тоҷикон ҳифзи ваҳдати миллӣ, фазои ороми сиёсиву иҷтимоӣ ва иттиҳоди кишвар дорои аҳамияти фавқуллодаву сарнавиштсоз аст.

Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи кунунӣ мавзӯи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва дигар ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ дар дараҷаи аввали аҳамият қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон вазъи Афғонистон, ба хусус манотиқи шимолии ин кишварро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, бисёр печидаву ғайриқобили пешбинӣ тавсиф кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба вазъи ноороми минтақа, бар зарурати омодагии Нерӯҳои мусаллаҳ ва мардуми Тоҷикистон дар ҷиҳати ҳимоят аз сулҳу оромиш, суботи сиёсӣ, ваҳдат ва амнияти миллӣ таъкид кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп