Июл 30, 2021 16:20 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи баррасии корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти ширкатҳои кишоварзӣ, ба вилояти Суғд сафар кард.

Боздид аз ҳавзҳои парвариши моҳӣ ва теъдоде аз муҷтамаъҳои чорвопарварии деҳаи Анзоб ва баҳрабардорӣ аз тарҳи интиқоли оби ошомидании ноҳияи Шаҳристон, аз барномаҳои раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба вилояти Суғд буд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мактаб - интернати ҷамоати Анзоби ноҳияи Айниро ҳам ифтитоҳ кард.

Ин маркази омӯзишии чаҳортабақа дорои толори наҳорхӯрӣ, китобхона, толори шатранҷ, озмоишгоҳи роёна, хобгоҳ, маркази беҳдоштӣ ва майдони варзишӣ аст.

110 донишомӯз дар ин мактаб – интернат таҳсил хоҳанд кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи ин мактаб, хитоб ба теъдоде аз донишомӯзони ин маркази омӯзишӣ гуфт:

 

Барчасп