Август 01, 2021 19:36 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи тафтишотӣ эълом карда, ки барои баррасии иддаои ду шоҳид алайҳи Иззат Амон ба замони бештаре ниёз аст
    Гурӯҳи тафтишотӣ эълом карда, ки барои баррасии иддаои ду шоҳид алайҳи Иззат Амон ба замони бештаре ниёз аст

Додгоҳи ноҳияи Исмоили сомонии шаҳри Душанбе ҳукми боздошти муваққати Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикро ду моҳи дигар тамдид кард.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иллати тамдиди дуборамуддати боздошти Иззати Амонро, ки аз Русия истирдод шуда ва дар Душанбе таҳти бозҷуист, дархости гурӯҳи тафтишотӣ унвон кардаанд.

Гурӯҳи тафтишотӣ эълом кардааст, ки барои баррасии иддаои ду шоҳид алайҳи Иззат Амон ба замони бештаре ниёз аст.

Аммо Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон мегӯяд, ки умедвор аст, парвандаи муваккилаш бар асоси қонуни ҷадиди афв ба муносибати сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баста шавад ва вай озод гардад.

Аз сӯи дигар, Додситонии кулли Тоҷикистон чанде қабл эълом кард, алайҳи Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик 12 мавриди иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи 630 ҳазор рубли русӣ ва ҳазор доллар матраҳ мебошад.

Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон, 12 нафар аз даъвогарон эълом кардаанд, ки таи солҳои 2014 то 2020 Иззат Амон аз онон барои кумак ба озодии бастагонашон дар Русия ин маблағро дарёфт карда, аммо амалан коре анҷом надодааст.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон эълом карда буданд, ки парвандаи Иззат Амон авохири моҳи августи имсол барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.

Бо ин ҳол наздикони Иззат Амон муътақиданд, ки далели аслии боздошти вай ва ихроҷаш аз Русия интиқоди ӯ аз бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба мавзуи мушкилоти коргарони муҳоҷири тоҷик мебошад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп