Август 02, 2021 09:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Швейтсария

Дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи вижаи Швейтсария дар умури об дар Осиёи Марказӣ, бар тақвияти ҳамкориҳо таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Зи Бунво, намояндаи вижаи Швейтсария дар умури об дар Осиёи Марказӣ бар аҳаммияти ҳамкориҳо дар заминаи обу манобеи обӣ таъкид шуд.

Дар ин дидор дутараф дар мавриди иҷрои тарҳҳои муштарак ва ҳамкориҳои минтақаӣ дар чорчуби дипломатияи обии Швейтсария ва ҳамчунин раванди омодагӣ ҷиҳати баргузории барномаҳои байналмилалии сатҳи боло дар мавриди масоили обу манобеи обӣ баҳсу гуфтугӯ карданд.

Швейтсария яке аз шарикони муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи дипломатияи обӣ аст.

Бештар бихонед:

Афзоиши табодулоти тиҷории Швейтсария бо Тоҷикистон

Кумаки 1 миллиондолларии Швейтсария ба Тоҷикистон барои муқобила бо корона

Кумаки 5 милиондолларии Швейтсария барои навсозии новгони ҳамлунақли умумии шаҳри Хуҷанд