Август 03, 2021 08:44 Asia/Dushanbe
  • Таъйини дабири кулли ҷадиди Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО)

Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз симаташ барканор шудааст ва ба вазифаи дигар гузаштааст.

Ба гузориши сайти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси ризоияти Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Хусрав Нозирӣ дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) таъйин гардид.

Вай акнун дар мақоми дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) фаъолият хоҳад кард.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.

Дар соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои СҲИ шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир 10 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбакистон узви СҲИ ҳастанд.