Август 03, 2021 16:48 Asia/Dushanbe
  • Оғози мусобиқаи байналмилалии тенниси Ҷоми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалии тенниси “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз шуд.

Ба гузориши Ховар, ба муносибати фаро расидани 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон мусобиқоти байналмилалии тенниси навҷавонон “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз шуд.

Дар ин мусобиқа 60 варзишкор аз кишварҳои Олмон, Фаронса, Амрико, Британия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Шриланка, Ҳиндустон, Туркманистон, Канада, Украина, Словения, Полша, Беларус ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии теннис то 7 август идома дорад.

 

Барчасп