Август 03, 2021 17:40 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи воксани корона ба раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус воксин задааст. Дар ин бора сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.

Бино ба гузориши сомонаи Тоҷвек, аммо Шарифзода нагуфт, ки расиҷумҳур кадом навъи воксин задаанд. Ӯ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди воксин: “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст.

Ӯ аз қавли президент гуфт, ки дар мулоқоти мазкур раисиҷумҳур таъкид кард, ки “ҳатман эмгузаронӣ кунед ва шухӣ нафаҳмед”. Чунки кадом давлатҳое ки оммавӣ эмгузаронӣ карданд, дар онҳо сатҳи муриш кам аст. Одаме, ки эм гузаронад касал шавад ҳам бемориро сабук мегузаронад. Фикри худатону фарзандону миллати тоҷикро кунед”.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои тазриқи воксани корона ба 5 миллиону 800 ҳазор нафар, аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар барномарезӣ кардаанд.

 

Барчасп