Апрел 19, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Тибқи тасмими нави Байден, хуруҷи Амрико аз Афғонистон бо  хуруҷи НАТО ҳамроҳ хоҳад шуд
    Тибқи тасмими нави Байден, хуруҷи Амрико аз Афғонистон бо хуруҷи НАТО ҳамроҳ хоҳад шуд

Рӯзномаи Вол Стрит Журнал дар гузорише эълом кард, ки тасмими Ҷо Байден барои хуруҷи ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонисттон бо назари фармондеҳони аршади ин кишвар ҳамоҳанг набудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Вол Стрит Журнал, фармондиҳони артиши амрикоӣ зимни эъломи мухолифати худ бо тасмими Ҷо Байден барои хуруҷи тамоми нерӯҳои артиши Амрико аз Афғонистон муддаӣ шуданд, ки ин амр метавонад ба амнияти Афғонистон осеб бизанад. 
  
" Франк Мак Кензи " фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар ғарби Осиё, " Остин Миллер " раҳбари нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ва " Марк Мейли " раиси штаби муштараки артиши Иёлоти Муттаҳида бар хилофи ин тасмими раиси ҷумҳурӣ ҳамчунон бар ҳифзи ҳузури ду ҳазору 500 нерӯи низомии Амрико дар Афғонистон таъкид мекунанд. 

  
 Бар асоси тасмими ҷадиди давлат Байден, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, ки бо хуруҷи нерӯҳои НАТО ҳам ҳамроҳ хоҳад буд қарор аст аз ибтидои моҳи май оғоз шавад ва то 11 сентябр мусодиф бо бистумин солгарди ҳамла ба бурҷҳои  дуқулуии тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк поён ёбад. 
  
Нигаронӣ бобати амнияти Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Ашраф Ғани рӯзи якшанбе дар гуфтугў бо шабакаи СНН изҳор кард, ки дар ду соли гузашта беш аз 95 дарсади амалиёти амниятӣ дар ин кишварро нерӯҳои афғон анҷом додаанд. 
  
  
Бештар бихонед:

Барчасп