Июл 29, 2021 17:45 Asia/Dushanbe
  • Нишасти байналмилалии иқтисодии Русия ва ҷаҳони ислом
    Нишасти байналмилалии иқтисодии Русия ва ҷаҳони ислом

Дувоздаҳумин нишасти иқтисодии Русия ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, маъруф ба "Форуми Қазон" дар пойтахти Тотористон оғоз ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Анатолий, мулоқот бо намоишгоҳи байналмилалии Ҳилол Экспо оғоз ёфт, ки дар он беш аз 4000 нафар ширкат доштанд. Зимни суханронӣ дар ифтитоҳи намоишгоҳ Раиси ҷумҳурии Тотористон Рустам Минихонов гуфт, ки онҳо бо вазири рушди иқтисодии Русия Максим Раштников роҳҳои густариши ин чорабиниро дар ҷуғрофияи васеъ барои ҷалби бештари сармоягузорон ва иштирокчиён баррасӣ карданд.

Максим Раштников, вазири тавсеъаи иқтисодии Русия низ гуфт,  ҷамъияти мусулмонон дар Русия ба 20 миллион нафар мерасад, ин теъдод барои ширкатҳои байналмилалӣ, ки дар ин нишаст ҳузур доранд, фурсат бузургест ва мутмаин бошед аз корҳое, ки дар ин ҷо ба имзо хоҳанд расид, дар сатҳи федероли ҳимояти қобили таваҷҷӯҳе ироа хоҳанд кард.

Тибқи ин гузориш, ин нишаст бо ҳадафи ташвиқи густариши муассисоти молии исломӣ дар Русия ва тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни Русия ва кишварҳои узви созмони ҳамкории исломӣ баргузор мешавад.

Нишасти Маҷмаъи Қазон 2021 дар 30 июл  хотима хоҳад ёфт.

Барчасп