Вазири хориҷаи Арабистон дар тамос бо ҳамтои эронии худ : Ҳамлаи режими Исроил ба Эрон маҳкум аст
(last modified Fri, 13 Jun 2025 09:30:44 GMT )
Июн 13, 2025 14:30 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Арабистон дар тамос бо ҳамтои эронии худ : Ҳамлаи режими Исроил ба Эрон маҳкум аст

Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Арабистони саъӯдӣ дар тамоси телефонӣ бо вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон « таҷовузи ошкори режими саҳюнистӣ ба хоки Эрон »-ро маҳкум кард ва бар мухолифат бо ҳар гуна истифода аз зӯр ва лузӯми гуфтугу барои ҳалли ихтилофот таъкид намуд.

Файсал бин Фарҳон дар тамоси телефонӣ бо  Сайидаббоси Ироқчӣ , вазири умӯри хориҷаи Эрон изҳор дошт, ки ҳамлаи режими саҳюнистӣ монеъи талошҳо барои коҳиши таниш ва дастёбӣ ба роҳи ҳалҳои дипломатӣ мешавад . Ҳамчунин Вазорати хориҷаи Арабистони саъӯдӣ эълом кард, ки Файсал бин Фарҳон илова бар Ироқчӣ тамосҳои телефонии ҷудогонае бо вазирони хориҷаи Мисру Урдун барқарор карда ва дар хусӯси ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон ва пайомадҳои он дар сатҳи минтақаӣ ройзанӣ кардааст.