Ироқчӣ : Ҳамаи тавони худро дар пуштибонӣ аз Неруҳои мусаллаҳ ҷиҳати дифоъ аз Эрони азиз ба кор мегирем
Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони ҷумъа дар паёме ба муносибати шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони низомӣ , риҷоли илмии кишвар ва занону кӯдакони бегуноҳ дар ҷараёни ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ, гуфт : Бо миллати бузурги Эрон ва шаҳидони олимақом паймон мебандем, ки ҳамаи тавону зарфияти худро ҷиҳати пуштибонӣ аз тадбирҳои олияи низом ва иқдомоти муқтадиронаи Неруҳои мусаллаҳ ҷиҳати дифои муқтадирона аз Меҳани азизи исломӣ ба кор гирем .
Саидаббоси Ироқчӣ таҷовузи ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро бо шадидтарин лаҳн маҳкум кард ва бо ишора ба инки бидуни тардид парчами дифоъ аз иззату амният ва иқтидори Эрони исломӣ ба дасти ҳамразмони қаҳрамони ин шаҳидони воломақом дар эҳтизоз хоҳад монд , афзуд : Аз Худованди бузург барои ҳамразмону ҷонишинони ин шаҳидони азиз дар ифои масъӯлиятҳои муҳаввала ва дифоъ аз каёни Эрони азиз тавфиқу сарбаландӣ масъалат мекунам.