Нигаронии Испания аз авзоъи фоҷеъабори Ғазза ва шаҳраксозии саҳюнистҳо дар Каронаи бохтарӣ
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123684-Нигаронии_Испания_аз_авзоъи_фоҷеъабори_Ғазза_ва_шаҳраксозии_саҳюнистҳо_дар_Каронаи_бохтарӣ
Порс тудей - Вазири хориҷаи Испания дар бораи авзоъи фоҷеъабори инсонӣ дар навори Ғазза ибрози нигаронӣ кард ва хостори таваққуфи шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ шуд.
(last modified 2026-05-09T10:25:02+00:00 )
Январ 03, 2026 06:50 Asia/Dushanbe
  •   Хосе Мануэл Албаррес , вазири хориҷаи Испания
    Хосе Мануэл Албаррес , вазири хориҷаи Испания

Порс тудей - Вазири хориҷаи Испания дар бораи авзоъи фоҷеъабори инсонӣ дар навори Ғазза ибрози нигаронӣ кард ва хостори таваққуфи шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ шуд.

Хосе Мануэл Албаррес , вазири хориҷаи Испания дар шабакаи Х, ҳимояти комили худро аз сулҳи пойдор дар Ғазза ва поёни хушунат дар каронаи бохтарӣ эълом кард. Вай навишт : Вазъияти инсонӣ дар Ғазза фоҷеъабор аст. Монеъаҳои пеши рӯй созмонҳои мардумниҳод ғайри қобили қабул аст ва авзоъро бадтар мекунад. UNRWA ва ожонсҳои вобаста ба Созмони Милал бояд битавонанд озодона дар Ғазза ва Каронаи бохтарӣ фаъолият кунанд. Мо дар бозсозӣ ширкат хоҳем кард, то мардуми ин борика ояндае дар сарзамини худ дошта бошанд.