Намояндаи лубнонӣ : Имтиёздиҳӣ ба Исроил мамнуъ/ душман ба ҳеҷ тавофуқе пойбанд нест
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123774-Намояндаи_лубнонӣ_Имтиёздиҳӣ_ба_Исроил_мамнуъ_душман_ба_ҳеҷ_тавофуқе_пойбанд_нест
Порс тудей - Узви фраксюни “Вафоӣ ба муқовимат” дар порлумони Лубнон бо таъкид бар инки режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ тавофуқе пойбанд нест , изҳор дошт:Лубнониҳо бояд муттаҳид шаванд ва заминаи имтиёздиҳии бештар ба душманро фароҳам накунанд.
(last modified 2026-05-09T10:25:02+00:00 )
Январ 10, 2026 12:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳусайн ал-Ҳоҷӣ Ҳасан , узви фраксюни “Вафоӣ ба муқовимат” дар порлумони Лубнон
    Ҳусайн ал-Ҳоҷӣ Ҳасан , узви фраксюни “Вафоӣ ба муқовимат” дар порлумони Лубнон

Порс тудей - Узви фраксюни “Вафоӣ ба муқовимат” дар порлумони Лубнон бо таъкид бар инки режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ тавофуқе пойбанд нест , изҳор дошт:Лубнониҳо бояд муттаҳид шаванд ва заминаи имтиёздиҳии бештар ба душманро фароҳам накунанд.

Ҳусайн алоҷӣ Ҳасан , узви фраксюни “Вафоӣ ба муқовимат дар порлумони Лубнон дар изҳороте гуфт : Душмани саҳюнистӣ ба ҳеҷ гуна тавофуқе пойбанд нест ва ҳамчунон ба таҷовузҳои худ идома медиҳад ва нуқоти мавриди ишғоли ин режим дар Лубнон аз 5 нуқта ба 7 нуқта расидааст. Вай таъкид кард : Режими саҳюнистӣ ба Салиби сурх иҷоза намедиҳад асиронро мулоқот ва аз вазъияташон огоҳ шавад , ин режим ҳамчунин монеъи бозсозӣ мешавад ва ба таври рӯзона ва густарда хонаҳову муассисоти мухталифи Лубнонро бомбаборон мекунад, то мардумро таслими худ кунад. Ин намояндаи лубнонӣ хотирнишон кард : Ҷонибдории Амрико аз Исроил равшан буда ва аҷзу нотавонии Фаронса ошкор аст ва лубнониҳо акнун бояд ҳама муттаҳид шаванду заминаи имтиёздиҳии бештарро фароҳам накунанд.