Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон : Қудратмандона аз манофеи миллӣ ва амволи умумӣ ҳаросат мекунем
-
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс тудей - Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкӣд бар лузӯми ҳифзи ваҳдат, инсиҷом ва ҳӯшёрии мардум дар баробари душман , эълом кард : Аз манофеи миллӣ, зерсохтҳои роҳбурдии кишвар ва амволи умумӣ бо қудрат ҳаросат(муҳофизат) ва бо ҳар тавтеъае бо ҷиддият муқобила хоҳем кард.
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар баёнияе бо таъкид бар лузӯми ҳифзи ваҳдат , инсиҷом ва ҳӯшёрии мардум дар баробари душман , эълом кард : Илова бар расади таҳаррукоти душман дар минтақа , аз манофеи миллӣ , зерсохтҳои роҳбурдии кишвар ва амволи умумӣ бо қудрат ҳаросат ва бо ҳар тавтеъае бо ҷиддият муқобила хоҳем кард. Дар ин баёния омадааст : Миллати бузурги Эрон бо Инқилоби шукӯҳманди исломӣ , дасти Амрикои ғоратгар ва ҷинояткорро аз сарзамини Эрон кӯтоҳ ва унсури сарсупурда, мустабид ва вобаста ба Ғарбро ихроҷ кард, тайи 47 соли гузашта , давлати мутаҷовизу шайтонсифати Амрико ҳамвора талош намуда бо тарфандҳову тавтеъаҳои мухталиф султаи худро бар мардуму сарзамини Эрон бозгардонад. Имрӯз низ душман бо тавтеъаи дигар бо ҳимояту пуштибонии режими ҷинояткору кӯдаккуши саҳюнистӣ ва гуруҳҳои террористиву муонид дар пайи барҳам задани назму оромиши шаҳрҳо ва ихтилол дар амнияти умумии кишвар аст.