Иқтисод масъалаи аслии кишвари аст/ басиҷи мардум дар корҳои муҳиме коргушост
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i112856
Раҳбари муаззами инқилоб дар суханронии Наврӯзии 1403 бо таъкиди муҷаддад бар мавзӯи иқтисод ва нақши муассири мардум дар ҳали масоил кишвар фармуданд : Иқтисод масъалаи аслии кишвараст ; агар иқтисоди кишвар шакли матлубӣ пайдо кунад , метавонад дар дайн ва дунёи мардум асар дошта бошад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 21, 2024 15:52 Asia/Dushanbe
  • Иқтисод масъалаи аслии кишвари аст/ басиҷи мардум дар корҳои муҳиме коргушост
    Иқтисод масъалаи аслии кишвари аст/ басиҷи мардум дар корҳои муҳиме коргушост

Раҳбари муаззами инқилоб дар суханронии Наврӯзии 1403 бо таъкиди муҷаддад бар мавзӯи иқтисод ва нақши муассири мардум дар ҳали масоил кишвар фармуданд : Иқтисод масъалаи аслии кишвараст ; агар иқтисоди кишвар шакли матлубӣ пайдо кунад , метавонад дар дайн ва дунёи мардум асар дошта бошад .

Ба гузориши гуруҳи сиёсии Ирно , Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ баъдаззуҳри дирӯз чаҳоршанбеи аввали фарвардинмоҳи 1403 дар дидори мардумӣ дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) изҳор доштанд : Насими баҳори табиат ва баҳори маънавияти имрӯз барои бандагони муъмину солеҳ қобил истифодааст . Насими маънавии баҳори Рамазон ба ҷони инсон равшанӣ ва тароват мебахшад . Шумо дар моҳи Рамазон ба сӯйи исалоҳ сайр мекунед .

Ишон афзӯданд : Моҳи Рамазон чунин ҳунарӣ дорад ки инсони огоҳро ба мароҳили маънавии пеши бабрад .

Мақоми муаззами Раҳбарӣ дар бораи шиори имсол низ баён карданд : Шиори сол маъмулан бахше аз роҳбурди асосии кишвараст ; Ончӣ дар ин чанд сол дар шиори сол вуҷӯд дошта , тавваҷуҳ ба масоил иқтисодӣ аст .

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ идома доданд : Шиори соли 1402 имсоли ҳам ҷузви мутолиботу вазоифи асосӣ мо аст . Иқтисод масъалаи аслӣ кишвар аст агар иқтисоди кишвар шакли матлубӣ пайдо кунад , метавонад дар дайн ва  дунёиимардум асар дошта бошад .

Раҳбари муаззами инқилоб изҳор карданд : Солҳост душманон талош мекунанд, ки иқтисоди кишварро ба зону дарбиоваранд . Бо ҳиммати ҷавонону талошҳои фаровон , душман муваффақ нашудааст ва ба ҳавлу қувваи Илоҳӣ муваффақ нахоҳад шуд .

Ишон тасреҳ карданд : Барои ин,ки иқтисоди кишвар шукӯфо шавад , бояд ҳамаи чархи дандаҳои бузургу кучак ба роҳ беафтанд . Барои муваффақият бояд аз мушорикати мардум ба маънои воқеии калима истифода шавад . Дастёбӣ ба аҳдофи барномаи ҳафтум бо мардум анҷом мегирад . Дар корҳои муҳими кишвар , басӣҷи мардуми коргушост .

Раҳбари инқилоб бо таъкӣд бар ин,и баҳраварӣ дар кишвари мо камаст ва албатта алоҷ дорад бар муроқибати масъӯлон дар ҳавзаи масоили иқтисодӣ таъкид ва хотирнишон карданд : Дар гузашта касоне буданд ки аз имконоти давлатӣ сӯъистифода карданд .

Ишон изофа карданд : Пешрафтҳо дар сӯрате имконпазир аст, ки ман ва шумо ба оянда умедвор бошем ; ҳазорон гурӯҳи ҷавони пуртавон дар кишвар , бо шавқи машғӯли кор ва талош ҳастанд ; иҷтимоъоти азими Арбаин ва айёми нимаи Шаъбон дар сартосари кишвари кори ҷавонҳост ; бо вуҷӯди ин ҳамаи авомили умидзои бархе камин гирифтаанд ки рӯҳи умедро дар ҷавонҳо аз байни бибаранд ; ман ба ҷавонҳо тавсия мекунам ки ҷулутар аз нақшаи душман ҳаракат кунед .

Раҳбари муаззами инқилоб ёдовар шуданд : Ваҳдат , сиёсати қатъии низом аз рӯзи аввал будааст . Набояд ихтилофи салиқа ва  ихтилофи сиёсӣ мӯҷиби нафрат пароканӣ шавад ; Душман мехоҳад шуморо маъюс кунад шумо беш аз ӯ талош кунед барои шукӯфоии умед дар дилҳои ҷавонон ; баъзе аз садоҳоро душман мехоҳад ба гӯшҳо нарасад , шумо алирағми душмани ин садоҳоро ба гӯшҳо бирасонед .

Ишон таъкид карданд : Рӯз ба рӯз ҷабҳаи муқовимат дар Ғарби Осиё бояд тақвият шавад ; ташкили ҷабҳаи муқовимат барои мувоҷиҳа бо зулми мустамари ҷинояткорони саҳюнизмаст ; муқовимат аз тавонмандии худ рӯнамои кард ва  ҳамаи муҳосиботи душманро ба ҳам зад .

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ дар идомаи суханронии худ дар дидори Наврӯзии мардум бо Ишон дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар бораи муқовимати Фаластин гуфтанд : Қудрати муқовимат , муҳосибаи ғалати Амрикоиҳо барои ин минтақаро ба ҳам зад ; режими саҳюнистӣ дар берун омадан аз бӯҳрон низ дучори буҳронаст ; имрӯзи режими саҳюнистӣ қудрати тасмимгирӣ надорад .

Дидорҳои наврӯзии Раҳбари инқилоб дар солҳои гузашта дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Алӣ ибни Мусарризо алайҳиссалом баргузор мешуд, ки имсол бо тавваҷӯҳ ба тақоруни оғози соли 1403 ҳиҷрии шамсӣ бо айёми моҳи мубораки Рамазон дар Теҳрон баргузор мешавад .