Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ: Посухи ин режимро қотеона хоҳем дод
-
Сардор Шикорчӣ, сухангӯи Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс-Тудей. Сухангӯи Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, ки Эрон посухи режими саҳюнистиро хоҳад дод.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Исна, сардори сартип Абулфазли Шикорчӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон ва шаҳодати ҷамъе аз ҳамватанон гуфт: Душмани саҳюнистӣ ва Амрико товони хеле сангине пас хоҳанд дод ва силии муҳкаме хоҳанд хӯрд. Эрон ба режими саҳюнистӣ посухи қотеонае хоҳад дод.
Сухангӯи Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, душмани саҳюнистӣ бо ҳимояти эҳтимолии Амрико, манотиқи маскуниро мавриди ҳуҷум қарор дод, аммо Неруҳои мусаллаҳи Эрон омода ҳастанд ва душман бояд мунтазири иқдоми шадиди неруҳои мусаллаҳ бошад.
Сардор Шикорчӣ гуфт: Душман манотиқи маскуниро мавриди исобат қарор дода ва ин нишонаи зиллати душман аст, ки тавони рӯёрӯии мустақимро надорад.
Сухангӯи Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин хотирнишон кард, шабакаҳои душман дунболи эҷоди ноамнии равонӣ ва ҷавсозӣ ҳастанд, бояд ҳушёр бошем.