Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ: Дарси талхе ба ин режим хоҳем дод
(last modified Fri, 13 Jun 2025 07:58:33 GMT )
Июн 13, 2025 12:58 Asia/Dushanbe
  • Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ: Дарси талхе ба ин режим хоҳем дод
    Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ: Дарси талхе ба ин режим хоҳем дод

Порс-Тудей. Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар пайи ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз Эрон баёнияе содир кард.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар баёнияе эълом кард:

 

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Миллати озодаи Эрон, бародарону хоҳарон

Режими хунхору заҳҳоксифати саҳюнистӣ таҷовузи ҳавоии худро ба ҳарими Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз карда ва ба чанд нуқта аз кишварамон ҳамла намудааст. Мо то кунун нахоста будем масири ҷангро боз кунем, аммо артиши Ҷумҳурии исломӣ дар канори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таҷовузи ин кӯдаккушони нопоку рехта шудани хуни поки ҳамватанонамонро таҳаммул намекунад ва дарси талхе ба Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ хоҳад дод.

Мардуми азизи Эрон бояд хунсардӣ ва матонати худро ҳифз кунанд. Ҳар гуна шойеаро, ки аҳёнан аз авомили ин режим мунташир мешавад, рад кунанд. Ба подгонҳои низомӣ наздик нашаванд ва дар интизори лаҳзаи анҷоми масъулияти ҳамагонӣ, ки аз сӯи Раҳбари инқилоби исломӣ муҳаввал хоҳад шуд, бошанд. Ҳамакнун неруҳои размандаи артишу сипоҳ дар осмон ба набард саргарманд.

Натоиҷ мутаоқибан ба иттилои миллати Эрон хоҳад расид.