Имоми ҷумъаи аҳли суннати Гунбади Ковуси Эрон: Густохии режими манҳуси Исроил бидуни посух нахоҳад монд
(last modified Fri, 13 Jun 2025 08:05:46 GMT )
Июн 13, 2025 13:05 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи аҳли суннати Гунбади Ковуси Эрон
    Имоми ҷумъаи аҳли суннати Гунбади Ковуси Эрон

Порс-Тудей. Имоми ҷумъаи аҳли суннати Гунбади Ковус бо маҳкум кардани ҳамлаи саҳаргоҳи имрӯзи режими саҳюнистӣ ба бархе нуқоти Эрон ва ба шаҳодат расидани теъдоде аз фармондеҳони низомӣ, донишмандони ҳастаӣ ва ғайринизомиёни Эрон гуфт, ки густохии ин режими манҳус бидуни посух нахоҳад монд.

Ба гузориши Порс-Тудей, Охунд Абдулбосити Нуризод рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигори Ирна, зимни таслияти шаҳодати теъдоде аз фармондеҳони низомӣ, донишмандони ҳастаӣ ва мардуми Эрон афзуд: Он гуна, ки мақоми муаззам раҳбарӣ фармуданд; посухи Эрон ба ин густохии режими одамкуши саҳюнистӣ қотеъ ва бисёр сахт хоҳад буд.

Вай изофа кард, режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни истикбории он бидонанд, ки ин гуна ҳамалот на танҳо ҳеҷ халале дар ваҳдату инсиҷоми миллати Эрон эҷод нахоҳад кард, балки ваҳдати онҳоро дар дифоъ аз кишварашон дар муқобили густохиҳову нақзи ҳуқуқи сарзаминӣ бештар хоҳад кард.

Охунд Нуризод бо таъкид бар зарурати ҳифзи хунсардӣ ва ваҳдату инсиҷом аз сӯи ақшори мухталифи мардуми Эрон, идома дод: Иншоаллоҳ бо посухи қотеи неруҳои қудратманди Эрон ба режими саҳюнистӣ, душманони инқилобу Ислом беш аз пеш ноумед ва маъюс хоҳанд шуд.

Саҳаргоҳи имрӯз, ҷумъа, 23 хурдодмоҳ (13 июн), дар пайи ҳамлаи террористии режими саҳюнӣ ба Теҳрон ва теъдоде аз шаҳрҳои кишвар, шуморе аз фармондеҳони низомӣ, донишмандон ва мардуми ғайринизомӣ ба шаҳодат расиданд.

Ба дунболи ин ҷинояти режими саҳюнистӣ, раҳбари муаззами инқилоб дар паёме хитоб ба миллати бузурги Эрон фармуданд: Режим бояд мунтазири муҷозоте сахт бошад. Дасти қудратманди Неруи мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ӯро раҳо нахоҳад кард, биизниллоҳ.