Аз оташсӯзӣ дар полоишгоҳи Ҳайфа то рахнаи интернети(хакк)и падофанди режими саҳюнистӣ ; дар марҳилаи сеюми амалиёти Ваъдаи содиқ-3 чӣ гузашт ?
-
оташсӯзӣ дар полоишгоҳи Ҳайфа
Порстудей - Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи якшанбе марҳилаи сеюми амалиёти Ваъдаи содиқ 3-ро оғоз ва зарбаҳои сангине ба режими саҳюнистӣ ворид карданд.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба таъарруз ва иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба манотиқе аз Эрон, ки ба шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони олирутбаи неруҳои мусаллаҳ , донишмандони барҷаста ва шаҳрвандони бегуноҳи Эрон, ба вижа кӯдакони мазлум анҷомид , аз шомгоҳи ҷумъа ҳамла ба самти сарзаминҳои ишғолиро оғоз кардаву поёни ин ҳамалот ҳануз эълом нашудааст . Дар ин матлаб аз Порстудей нигоҳе ба марҳилаи сеюми амалиёти Ваъдаи содиқ-3 андохта шудааст .
Соъати 21 : 15 ба вақти Теҳрон
Мӯшакҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар марҳилаи сеюми амалиёти « Ваъдаи содиқ-3 » равонаи мавозеъи режими саҳюнистӣ шуд . Ин амалиёти таркибӣ - таҳоҷумии ҳавофазои Сипоҳ шомили даҳҳо мӯшаку паҳпод буд . Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Эрон эълом кард : Шаҳракнишинони саҳюнист бояд сарзаминҳои ишғолиро тарк кунанд , зеро ба зӯди ғайриқобили сукунат хоҳанд шуд.
Ҳудӯди соъати 21 : 30
Мавҷи дувум аз мӯшакҳои балистикии эронӣ ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллек шуд . Расонаҳои саҳюнист эълом карданд : Чанд мӯшак ба Ҳайфа исобат кард ва садои инфиҷорҳои даҳшатноке шунида шуд . Шабакаи 14 -и Исроил эълом кард : Мӯшакҳои эронӣ, ки ба Ҳайфа бархӯрд карда , биноҳои зиёдеро вайрон кардааст . Фурудгоҳи Бин Гурион дар Тел-Авив ҳам мавриди исобати мӯшаки Эрон қарор гирифт .
Ҳудӯди соъати 22
Расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, ки ҳамлаи шомгоҳи якшанбеи Эрон , корхонаҳои вобаста ба ширкати « Рафаэл » тавлидкунандаи саноеъи ҳавоии Исроил ва созандаи “Гунбади оҳанин”-ро ҳадаф қарор додааст . Созмони оташнишонӣ ва имдоди режими саҳюнистӣ бо таъиди ҳамлаҳои сангини мушакии Эрон эълом кард, ки оташсӯзӣ дар манотиқи лашкари ал-Қудс ва лашкари ал-Шимолӣ гузориш шудааст. Расонаҳои ибрӣ ҳамчунин хабар доданд ки мӯшакҳои эронӣ ба полоишгоҳи Ҳайфа, ки нафту энержии Аврупоро таъмин мекунад , исобат кардааст .
Ҳудӯди соъати 23
Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар паи марҳилаи сеюми амалиёти Ваъдаи содиқ 3 бо судӯри баёнияе эълом кард : Размандагони неруи ҳавофазои Сипоҳ дар идомаи посухҳои кӯбанда ба вижа дар интиқом аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ бо иҷрои мавҷи ҷадиде аз амалиёти мушакӣ , марказҳои иттилоотии режими ғосибро ба унвони марҳилаи сеюми амалиёти Ваъдаи содиқ- 3 мавриди ҳадаф қарор доданд .
Ҳудӯди соъати 00 : 15
Созмони оташнишонии сарзаминҳои ишғолӣ гузориш дод : Ду бино дар минтақаи соҳилӣ ва як сохтмони дигар дар минтақаи ҷанӯбӣ ба таври мустақим мавриди исобат қарор гирифтаанд . Оташсӯзиҳое дар Қудс ва шимоли сарзаминҳои ишғолӣ рух додааст . Бино бар эъломи расонаҳои саҳюнистӣ ҳудӯди 30 мӯшаки эронӣ дар охирин ҳамла ба Исроил шиллек шуданд . Созмони сензураи низомии Исроил интишори ҳар гӯна видео аз маҳали фурӯди мӯшакҳои Эронро мамнӯъ кард.
Ҳудӯди соъати 1
Аз шимол то ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ҳушдоре ба ин мазмун содир шуд : Ба наздикии паноҳгоҳҳо биравед . Дақиқаҳои баъд аз ин ҳушдор расонаҳои ибрӣ эълом карданд : Мо гиҷ(гаранг) шудаем , дар ҳоле ки системаҳо ҳамалоти Эронро гузориш медиҳанд , бархе аз гузоришҳои дигар партоби мӯшакро рад мекунанд .
Аз соъати 2 то 5 : 30
Мавҷҳои сеюм , чаҳорум , панҷум , шашум ва ҳафтуми марҳилаи сеюми амалиёти Ваъдаи содиқ-3 бо анҷоми амалиётҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом шуд . Эрон дар ин ҳамлаҳо манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ аз ҷумла Тел-Авив , Ҳайфа , Негев , Бней Брак , Бета Такфа , Петах Тиква , Нивт ва Аялонро ҳадаф қарор дод. Алҷазира ба нақл аз расонаҳои исроилӣ эълом кард : Артиши Исроил мегуяд, ки ҳудӯди 100 мӯшаки эронӣ дар ин ҳамла ба самти Исроил шиллек шудааст . Расонаҳои мухталиф ҳам эълом карданд : Мӯшакҳои эронӣ ба таъсисоти низомии баста дар Нигеви ишғолӣ исобат карданд ва манобеъ таъйид мекунанд, ки чанд шахсияти амниятии барҷаста ки дар дохили ин маҳал буданд, кушта шудаанд . Хабарнигори низомӣ Ynet навишт : Эрон ҳануз мӯшакҳои як тонӣ ё яку ним тонии худро шиллек накарда ва ҳамчунин мӯшакҳои Крузи худро низ ба кор нагирифтааст . Бояд ба дунболи поёни сиёсии ҷанг бошем .
Ҳудӯди соъати 6
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамзамон бо мавҷи ҳаштуми амалиёти Ваъдаи содиқ-3 иттилоъияие содир ва эълом кард : Дар ин амалиёт сомонаҳои фармондеҳӣ ва контроли режими саффоки саҳюнӣ бо бакоргирии равишҳои навин ва бо баҳрагирӣ аз қобилиятҳои иттилоотӣ - таҷҳизотии тақвиятшуда тавассути шаҳидон Боқирӣ , Саломӣ , Ҳоҷизода ва дигар шаҳидони ҳавофазои Сипоҳ , сомонаҳои дифоии чандлояи душман , дучори халал шуд ,ба тавре ки сомонаҳои падофандии ин режим ҳамдигарро ҳадаф қарор доданд . Ибтикороту қобилиятҳои ба кор рафта дар ин амалиёт бо вуҷӯди ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико ва қудратҳои ғарбӣ ва дар ихтиёр доштани барузтарин ва навтарин фановарии дифоӣ мунҷар ба бархурди муваффақу ҳаддиаксарии мӯшакҳо ба аҳдоф дар сарзаминҳои ишғолӣ шуд.
Амалиёт то нобӯдии комили режими саҳюнистӣ идома дорад
Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоъияе эълом кард : Амалиёти Ваъдаи содиқ-3 ва амалиётҳои оянда бисёр кӯбандатар , сахттар , дақиқтар ва вайронгартар аз амалиётҳои қаблӣ хоҳад буд . Ҳамчунин ин амалиёт нишон дод муҳосибот ва баровардҳои душмани хаёлбофу мутаарризи саҳюнӣ ва амрикоиҳо ба Эрони исломӣ комилан ғалат буда ва акнун бояд шоҳиди фурӯпошии режими ишғолгари саҳюнӣ бошем . Ҳомиёни ин режими ҷинояткор ҳам бидонанд ҳамчунон амалиётҳои муассир , ҳадафманд ва кӯбандатар алайҳи аҳдофи ҳаётии ин режими сохтагӣ то нобудии комили он идома хоҳад ёфт.