Имом Хоманаӣ: Миллати Эрон дар муқобили ҷанг ва сулҳи таҳмилӣ муҳкам меистад ва таслим нахоҳад шуд
(last modified Thu, 19 Jun 2025 15:23:22 GMT )
Июн 19, 2025 20:23 Asia/Dushanbe
  • Имом Хоманаӣ
    Имом Хоманаӣ

Порс-Тудей. Имом Хоманаӣ дар паёме телевизионӣ, аз рафтори матин, шуҷоъона ва вақтшиносонаи миллати Эрон дар қазияи ахири таҳоҷуми аблаҳона ва хабосатомези душмани саҳюнӣ тамҷид карданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ зуҳри чаҳоршанбе дар паёме телевизионӣ, зимни тамҷид аз рафтори матин, шуҷоъона ва вақтшиносонаи миллати Эрон дар қазияи ахири таҳоҷуми аблаҳона ва хабосатомези душмани саҳюнӣ, онро нишонаи рушди миллат ва қавоми ақлоният ва маънавият донистанд ва таъкид карданд: Миллати Эрон дар муқобили ҷанги таҳмилӣ муҳкам меистад, ҳамон гуна ки дар муқобили сулҳи таҳмилӣ низ муҳкам хоҳад истод ва ин миллат дар муқобили таҳмил, таслими ҳеч кас нахоҳад шуд.

Ба гузориши Порс-Тудей, раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба изҳороти таҳдидомез ва сахифи раисҷумҳури Амрико гуфтанд: Афроди бохираде, ки Эрон ва миллату таърихи Эронро мешиносанд, ҳея гоҳ бо забони таҳдид ӣр ин миллат сухан намегӯянд. Зеро миллати Эрон таслим шуданӣ нест ва амрикоиҳо бидонанд, ҳар гуна вуруди низомии Амрико бидуни тардид бо садамаи ҷуброннопазир барои онҳо ҳамроҳ хоҳад буд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, имом Хоманаӣ дар суханонашон бо тамҷид аз ҳаракати азими миллати Эрон дар роҳпаймоии рӯзи Ғадир ва ҳамчунин иҷтимоот ва роҳпаймоиҳои рӯзҳои ахир, ба вижа баъд аз намози ҷумъа, ба ҳаракати зебо ва пурмаънои бонуи муҷрии телевизион дар муқобили ҳамлаи душман ишора карданду гуфтанд: Такбир гуфтан ва нишонаи қудрати миллатро ба ҳамаи дунё ироа кардан ҳодисае таърихӣ ва бисёр боарзиш буд.

Эшон дар поён таъкид карданд: Худои мутаол миллати Эрон ва ҳақиқату ҳақро ба таври қатъу яқин пирӯз хоҳад кард.