Чаро Эрон бо вуҷуди чолишҳо ҳамчунон як қудрати бонуфузи минтақаӣ аст? / Посух ба шубҳаҳои расонаи Саудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121730-Чаро_Эрон_бо_вуҷуди_чолишҳо_ҳамчунон_як_қудрати_бонуфузи_минтақаӣ_аст_Посух_ба_шубҳаҳои_расонаи_Саудӣ
Порс-Тудей.  Рӯзи 20 август, “Al Arabiya”-и англисӣ, матлаберо таҳти унвони ""Зарба пас аз зарба, аз даст додани қаламрав: Чӣ гуна таъсири минтақавии Эрон пароканда мешавад"" , ба қалами доктор Маҷид Рафизода нашр кард.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Август 23, 2025 11:11 Asia/Dushanbe
  • “Al Arabiya”-и англисӣ
    “Al Arabiya”-и англисӣ

Порс-Тудей.  Рӯзи 20 август, “Al Arabiya”-и англисӣ, матлаберо таҳти унвони ""Зарба пас аз зарба, аз даст додани қаламрав: Чӣ гуна таъсири минтақавии Эрон пароканда мешавад"" , ба қалами доктор Маҷид Рафизода нашр кард.

Ба гузориши Порс-Тудей, “Al Arabiya”-и англисӣ, дар матлабе иддао кардааст, ки Эрон дар як соли гузашта бо як силсила шикасти стратегӣ дар чанд ҷабҳаи дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ шудааст, ки пояҳои нуфузи минтақавии онро башиддат заиф кардааст.

Муаллифи матлаб иддао мекунад, ки аввалин зарбаи бузург, суқути Башор Асад дар Сурия дар моҳи декабри соли 2024 буд. Вай ҳамчунин иддао дорад, ки “Ҳизбуллоҳ”, ба унвони муҳимтарин абзори боздорандагии Эрон, зери ҳамлаҳои шадиди Исроил дар Лубнон қарор гирифт, ки худ нишонаи коҳиши нуфузи сиёсии Теҳрон аст.

Дар посух ба ин иддаъо бояд гуфт, ки ҳарчанд Эрон пас аз суқути режими Башор Асад дар Сурия ва ҳамлаҳо ба ҷунбиши Ҳизбуллоҳ дар ҳифзи нуфузи минтақавии худ ба чолишҳо мувоҷеҳ шудааст, аммо то ҳол тавони таъйини қудрат ва нуфузи минтақавии худро дорад. Яке аз муҳимтарин ин маворид, бозтаърифи « меҳвари Mуқовимат » ба унвони як доктрина аст .Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ дар ин замина таъкид кардааст, ки “меҳвари Mуқовимат” як “доктрина” аст, на сохтори физикӣ.

Вай дар баёни таҳаввулоти ояндаи минтақа бо таъкид бар инки Амрико ба лутфи Худованд ба дасти ҷабҳаи Mуқовимат аз минтақа ихроҷ хоҳад шуд, гуфт: Авомили истикбор бар ин назаранд, ки ҷабҳаи Mуқовимат пас аз суқути ҳукумати Сурия, ки тарафдори Mуқовимат буд, заъиф шудааст, аммо сахт иштибоҳ мекунанд; Чаро ки усӯлан дарки дурустӣ аз Mуқовимату ҷабҳаи Mуқовимат надоранд. Оятуллоҳ Хоманаӣ Mуқовиматро на сахтафзоре, ки метавонад шикаста ва фурӯ резад, балки имон, андеша, мактаби эътиқод ва тасмими қалб номид.

Муаллифи матлаб дар идома иддао кардааст, ки Сеюмину вайронкунандатарин зарба , « ҷанги 12 рӯза » бо Исроил дар моҳи  июни соли 2025 буд . Дар ин даргирӣ, зерсохтори низомӣ ва ҳастаии Эрон ҳадафи ҳамлаҳои густурда қарор гирифт ва даҳҳо маъмури аршади амниятӣ ва донишманди ҳастаӣ шаҳид шуданд.

Ҳарчанд Эрон, нахуст, дар ҷанги таҳмилӣ бо режими саҳюнистӣ ва Амрико ба чанд зарба дучор шуд, аммо пас аз чанд рӯз, ба суръат зимни бозсозии дифоии худ, тавонист заработи ҷаддӣ ва саҳмгине ба Исроил ворид кардау ибтикори амалро дар даст гирад , то ҳадде, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба унвони як муттаҳиди наздики Бинёмин Нетаняҳу, маҷбур шуд, масъалаи оташбасро дар миён бигузорад.

Албатта, дар ин ҷо низ Эрон бо ҳамла ба минтақаи “Be'er Sheva, ки ба режими саҳюнистӣ хисороти сангин ворид кард, ҳамчун охирин қадами ин ҷанг ҳамлаи мушакии муассир анҷом дод. Дар ҳамин ҳол, Эрон метавонад, бо назардошти таҳаввулоти ахир, чораҳое, аз қабили сармоягузории бештар ба мушакҳои дурбурд (дурпарвоз) ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои пешрафтаи бесарнишин)- и пешрафта ва ба ҷои ҳузури заминӣ , аз тавони зарба аз роҳи дур барои боздорандагӣ истифода кунад .

 Муаллифи матлаб дар идома иддао кардааст, ки дар канори ин буҳронҳои хориҷӣ , Эрон бо як фоҷеъаи дохилӣ ба номи “бӯҳрони об” низ даст ба гиребонаст .

Ин даъвои муаллиф низ муболига буда, дигар фактхоро ба назар нагирифтааст. Аввалан, бӯҳрони об бештар аз ҳама, бо сабаби набудани бориш аст. Имсол ба ҷуз як сол (соли оби 2007-2008) дар 57 соли гузашта хушктарин сол дар Эрон буд.

Масъалаи дигаре, ки бо фишори бесобиқаи об дар Эрон, ба хусус дар Теҳрон, ислоҳоти шеваи истеъмол ва муносибгардонии истеъмол аст. Дар ҳамин ҳол, аксари кишварҳои Осиёи Ғарбӣ бо бӯҳрони об мубориза мебаранд ва ин масъала танҳо ба Эрон дахл надорад.

Муаллиф дар поёни матлабаш бо як назари комилан муғризона иддаъо кардааст, ки ба назар мерасад, меҳвари қудрати Эрон аз байн меравад ва пояҳои қудрати худро аз даст медиҳад. Ин иддаои исрофкорона бо воқеиятҳои марбут ба Эрон ва меҳвари Mуқовимат дар минтақа комилан мухолиф аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта нишон дод, ки бо вуҷуди мувоҷиҳа бо чолишҳои бисёру мухотирот бисёр тавони муқобилау эҳёии қудрати худро дар бурҳаҳои мухталиф доштааст .

Илова бар ин, меҳвари Mуқовимат низ як “доктрина” аст, ва на як сохтор физикӣ . Бинобарин, ин тафаккур яъне тафаккур Mуқовимат метавонад ҳамчунон ба ҳаёту таъсиргузории минтақаии худ идома диҳад .

Сухани охирин низ ба , “Al Arabiya”-и англисӣ аст, ки бо нашри чунин матолиб талош мекунад, ки Эрон як қудрати минтақавии рӯ ба  заволаст . Дар ҳоле, ки ҳамин қудрати эронӣ ҳамеша монеае дар роҳи густариши режими саҳюнистӣ буд, ки дар қолаби тарҳи Исроили бузург, аз забони Нетаняҳу нахусти вазири ин режим, хоҳони илҳоқи манотиқи зиёде дар Ғарби Осиё ба режими саҳюнистӣ аз ҷумлаи ҳудӯди 30 дарсади аз Арабистони Саъудӣ  аст.

Албатта, заъиф кардани меҳвари Mуқовимат ва Эрон бо таваҷҷуҳ ба бархӯрди таҷовузкоронаи Исроил бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико алайҳи кишварҳои ҳамсоя ба манофеи миллӣ ва тамомияти арзии Арабистони Саудӣ мувофиқ нахоҳад буд.