Ироқчӣ: Теҳрон хостори идомаи нақши Пекин дар ҷилавгирӣ аз тадовуми нақзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст
Порс Тудей — Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо ҳамтои чинӣ бар идомаи нақши Чин дар ҷилавгирӣ аз нақзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таъкид кард.
Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар садри як ҳайати дипломатик ба Пекин сафар кардааст, субҳи имрӯз чоршанбе бо Ванг Йӣ, дабири Комиссияи равобити хориҷии ҳизби ҳоким ва вазири умури хориҷаи Чин дидор кард.
Дар ин дидор, абъоди гуногуни муносиботи дуҷониба ва ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва низ раванди иҷрои тавофуқномаҳои дуҷониба мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба пайвандҳои деринаи ду тамаддуни бузурги Эрон ва Чин, Пекинро дӯсти наздик ва шарики роҳбурдии Эрон тавсиф кард ва бар иродаи ҷиддӣ ва росихи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иртиқои ҳамаҷонибаи муносиботи роҳбурдӣ ва дӯстонаи ду кишвар дар чорчӯби мушорикати ҷомеи роҳбурдии Эрон-Чин бар мабнои эҳтиром ва эътимоди мутақобил таъкид ва тасреҳ кард: «Муътақидем ҳамкорӣ ва шарокати роҳбурдии ду кишвар дар шароити ҷадид қавитар аз гузашта идома хоҳад ёфт».
Вай бо ташреҳи ҷиноятҳои иртикобии Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Эрон ва нақзҳои фоҳиши ҳуқуқи башардӯстона дар ҷанги таҳмилии чиҳилрӯза, аз мавзеи усулии Чин дар маҳкум кардани нақзи усули бунёдини Маншури Милали Муттаҳид тавассути Амрико ва Исроил ва ҳамчунин рӯйкарди масъулонаи он кишвар дар қиболи суиистифодаи Амрико аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал тақдир кард.
Ироқчӣ гуфт: «Умедворем бо оғози раёсати давраии Чин бар Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва бо идомаи ифои нақши муассири Пекин шоҳиди таҳаввулоти созандае дар ростои ҷилавгирӣ аз тадовуми қонуншиканӣ ва нақзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ бошем».
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ҳамтои чиниро дар ҷараёни охирин равандҳои муртабит бо раванди дипломатик ва талошҳо ва ибтикорҳои ҷорӣ барои поён додан ба ҷанги таҳмилии Амрико-режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳрии Исломии Эрон аз ҷумла раванди музокироти Эрон-Амрико ба миёнҷигарии Покистон қарор дод ва тасреҳ кард: «Эрон ҳамон тавр ки дар саҳнаи дифоъ аз худ бо иқтидор зоҳир шуд ва ҳамчунон дар омодагии комил барои муқобила бо ҳар гуна шарорате аст, дар арсаи дипломатия ҳам ҷиддӣ ва собитқадам аст».
Вазири умури хориҷаи Чин бо тамҷид аз муқовимат ва истодагии мардуми Эрон муқобили мутаҷовузон ва ҳамчунин ҳусни ният ва рӯйкарди масъулонаи Эрон, бахусус талошҳои ҳамтои эронӣ дар пайгирии раванди дипломатик ва ҷилавгирӣ аз ташдиди таниш дар минтақа, бар мавзеи қотеи Чин дар ҳимоят аз тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимият ва амнияти миллии Эрон таъкид ва тасреҳ кард: «Мавзеи усулии Чин мухолифат бо тавассул ба зӯр ва тадовуми ин ҷанги ғайриқонунӣ аст, ки паёмадҳо ва авоқиби хисоратбори он натанҳо барои Эрон, балки алайҳи ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои минтақа ва ҷаҳон будааст».