Ироқчӣ: Табодули паёмҳо бо Амрико идома дорад; ба гумонзаниҳо набояд аҳамият дод, то вақте ки ба қатъият бирасад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124918-Ироқчӣ_Табодули_паёмҳо_бо_Амрико_идома_дорад_ба_гумонзаниҳо_набояд_аҳамият_дод_то_вақте_ки_ба_қатъият_бирасад
Порс Тудей — Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон матолиби матраҳшуда дар расонаҳо дар бораи музокироти Эрон ва Амрикоро гумонзанӣ донист ва гуфт: «Гуфтугӯҳо ва табодули паёмҳо дар ҷараён аст».
(last modified 2026-06-01T10:40:42+00:00 )
Июн 01, 2026 15:14 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон

Порс Тудей — Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон матолиби матраҳшуда дар расонаҳо дар бораи музокироти Эрон ва Амрикоро гумонзанӣ донист ва гуфт: «Гуфтугӯҳо ва табодули паёмҳо дар ҷараён аст».

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи охирин вазъияти гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико ва хотимаи ҷанг гуфт: «Гуфтугӯҳо ва табодули паёмҳо дар ҷараён аст, аммо дар айни ҳол мавориди матраҳшуда дар ин маврид гумонзанӣ аст».

Сайид Аббос Ироқчӣ афзуд: «То вақте ин гуфтугӯҳо ба натиҷаи мушаххасе нарасад, намешавад дар мавриди он қазоват кард».

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: «Ҳар он чӣ то кунун дар хусуси гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико матраҳ шуда, гумонзанӣ аст». Ироқчӣ ёдовар шуд: «Ба гумонзаниҳо набояд аҳамият дод, то вақте ки ба қатъият бирасад».