Сипоҳи посдорон: Барҳам задани қавонини Тангаи Ҳурмуз товони сангине хоҳад дошт / Ҳуҷуми мушакии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ба пойгоҳҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124926-Сипоҳи_посдорон_Барҳам_задани_қавонини_Тангаи_Ҳурмуз_товони_сангине_хоҳад_дошт_Ҳуҷуми_мушакии_Нерӯи_ҳавофазои_Сипоҳ_ба_пойгоҳҳои_Амрико
Порс Тудей — Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамзамон бо ҳуҷуми мушакӣ-паҳподии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ба пойгоҳҳои Амрико ҳушдор дод: «Барҳам задани қавонини Тангаи Ҳурмуз товони сангине хоҳад дошт».
(last modified 2026-06-11T03:00:53+00:00 )
Июн 03, 2026 11:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷуми мушакии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ба пойгоҳҳои Амрико
    Ҳуҷуми мушакии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ба пойгоҳҳои Амрико

Порс Тудей — Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамзамон бо ҳуҷуми мушакӣ-паҳподии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ба пойгоҳҳои Амрико ҳушдор дод: «Барҳам задани қавонини Тангаи Ҳурмуз товони сангине хоҳад дошт».

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, охири шомгоҳи сешанбе артиши мутаҷовузи Амрико як нафткаши эрониро дар ҳаволии Тангаи Ҳурмуз мавриди асобати партобаи ҳавоӣ қарор дод, ки ин нафткаш аз маҳалли моторхона дучори хисорат шуд, аммо дар посух ба ин таҷовуз ва нақзи муқаррароти Тангаи Ҳурмуз, шиновари мутааллиқ ба душмани амрикоӣ-саҳюнистӣ ба номи «Паная» мавриди ҳадафи мушакҳои Нерӯи дарёии Сипоҳ қарор гирифт.

Ҳамчунин душмани амрикоӣ дар таҷовузе муҷаддад як бурҷи мухобиротии Сипоҳи посдорон дар ҷануби ҷазираи Қишмро ҳадафи партобаҳои ҳавоии худ қарор дод ва дар посух ба ин таҷовуз, пойгоҳи ҳавоӣ ва болгардии онон мустақар дар яке аз кишварҳои минтақа ва ҳамчунин маркази новгони панҷуми дарёии Амрико мавриди таҳоҷуми мушакӣ ва паҳподии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ қарор гирифтанд.

Сипоҳи посдорон пеш аз ин ихтор дода буд, ки дар сурати таҷовуз, посух мутафовит ва сангинтар хоҳад буд ва барҳам задани амнияти Тангаи Ҳурмуз товони сахте барои артиши мутаҷовузи Амрико хоҳад дошт.