Пизишкиён: Эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо аз илзомоти дастёбӣ ба амнияти пойдор аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125530-Пизишкиён_Эҳтиром_ба_ҳокимияти_кишварҳо_ва_ҳамкорӣ_миёни_давлатҳо_аз_илзомоти_дастёбӣ_ба_амнияти_пойдор_аст
Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки амнияти пойдор на аз тариқи тақобул, балки аз масири эътимоди мутақобил, эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо, адами мудохила дар умӯри дохилӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо ҳосил мешавад, хостори тақвияти ҳамзамонии ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхай шуд.
(last modified 2026-09-02T06:58:03+00:00 )
Сентябр 01, 2026 14:27 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо аз илзомоти дастёбӣ ба амнияти пойдор аст

Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки амнияти пойдор на аз тариқи тақобул, балки аз масири эътимоди мутақобил, эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо, адами мудохила дар умӯри дохилӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо ҳосил мешавад, хостори тақвияти ҳамзамонии ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхай шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар 26-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, бо ташреҳи муҳимтарин чолишҳои амниятӣ ва иқтисодии минтақа, бар зарурати тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои узв барои таҳкими суботу тарсими ояндае муштарак таъкид кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба таҷрибаи беш аз ду даҳаи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай, эътимодсозӣ, эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо, адами мудохила дар умӯри дохилӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳоро аз илзомоти дастёбӣ ба амнияти пойдор донист.

Пизишкиён бо ишора ба таҳдидоте ҳамчун терроризм, ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир, ҷароими созмонёфтаи фаромилӣ ва сойберӣ, ташдиди рақобатҳои жиюполитӣ, сиёсатҳои якҷонибагароёна ва истифода аз зӯр ва қудрати низомиро аз дигар авомили эҷоди нигаронӣ барои кишварҳои минтақа ва иқтисодҳои навзуҳӯр унвон кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар Ғарби Осиё ва ҳамалоти Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон, ин иқдомотро таҷовузе алайҳи усӯли бунёдини Маншури милали муттаҳид ваа ҳуқуқи байналмилал тавсиф карду зимни ташреҳи раванди ҷангу таҳаввулоти пас аз он, бар мавзеи Эрон дар бораи тааҳҳудоти мундараҷ дар ёддошти тафоҳуми Исломобод таъкид кард.

Пизишкиён дар бахши дигаре аз суханони худ, амнияту тавсеаро ду мафҳуми ба ҳам пайваста ва тафкикнопазир донист ва бар зарурати таваҷҷуҳи ҳамзамонии Созмони Ҳамкории Шанхай ба абъоди амниятӣ ва иқтисодӣ таъкид кард.

Вай тавсеаи тиҷорати дарунсозмонӣ, тасҳили фаъолиятҳои гумрукӣ, тавсеаи каридорҳои ҳамлу нақл, иттисоли банодиру марокизи луҷустикӣ, афзоиши зарфиятҳои тронзитӣ ва тақвияти тобоварии занҷираҳои таъминро аз меҳварҳои муҳими ҳамкории иқтисодии аъзо баршумурд.

Пизишкиён ҳамчунин се ибтикор дар ҳавзаи ҳамкориҳои иқтисодӣ шомили таъмиқи ҳамкориҳои молӣ ва банкӣ ва таъсиси «Бонки Созмони Ҳамкории Шанхай», эҷоди иттиҳодияи бимаи содиротӣ ва сармоягузорӣ ва ташкили «консорсиюми энержии Созмони Ҳамкории Шанхай»-ро пешниҳод ва дар ҳавзаи амниятӣ низ эҷоди маркази роҳбурдии мутолиоти амниятии ин созмонро барои шиносоии таҳдидоти навзуҳӯр ва тақвияти суботи минтақаӣ матраҳ кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар аҳамияти гуфтугӯ ва эҷоди созу корҳои муассири ҳамкорӣ, омодагии Эронро барои мушорикати созанда ва фаъол дар фарояндҳои муртабит бо иртиқои Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳимоят аз ибтикороти ҷадид дар ростои тақвияти инсиҷом, коромадӣ ва ҳамгаройии ин созмон эълом кард.