Раисони ҷумҳӯри Эрону Русия дар Қирғизистон : Равобити Теҳрон - Маскав амиқтар аз як иртиботи маъмӯлӣ аст
-
Дидори Масъуди Пизишкиён ва Владимир Путин-раисони ҷумҳӯри Эрону Русия
Порс тудей - Масъуди Пизишкиён гуфт : Иртиботи миёни ду кишвари Эрону Русия як иртиботи маъмӯлӣ нест , балки равобити роҳбурдӣ ва устувор бар манофеъу масолеҳи муштарак аст.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳӯри Эрон рӯзи сешанбе дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон , дар дидор бо Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия бо ишора ба сатҳи мумтози равобити Эрону Русия ва раванди матлуби иҷрои тафоҳумоти муштарак , аз ҳимоятҳои давлату миллати Русия аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар марҳилаҳои мухталиф , аз ҷумла даврони ҷанг ва ҳамчунин шароити вобаста ба таҳримҳои Амрико , қадрдонӣ кард.
Раиси ҷумҳӯри Эрон бо баёни инки мавозиъи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигари маҳофили байналмилалӣ нишондиҳандаи моҳияти мутафовити равобити Теҳрон ва Маскав аст , изҳор кард : Ин ҳимоятҳо нишон медиҳад иртиботи миёни ду кишвар як иртиботи маъмӯлӣ нест .
Раиси ҷумҳӯри Эрон баргузории иҷлоси СҲШ-ро нишонае аз шаклгирии иродаи густардатар дар миёни кишварҳои ҷаҳон барои муқобила бо якҷонибагароӣ донисту афзуд : Дигар кишварҳо низ намепазиранд, ки низоми байналмилал бар пояи якҷонибагароӣ идора шавад ва ҳеҷ кишваре ҳақ надорад ҳокимияти кишвари дигареро поймол кунад ё бо зӯр аҳдофи худро бар дигарон бор кунад.
Раиси ҷумҳӯри Эрон бо таъкид бар умқу садоқати равобити Теҳрону Маскав изҳор кард : Таъомулоти Эрону Русия содиқона ва амиқ буда ва равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо беҳбуд ёфта ва дар оянда низ беш аз пеш тавсеа хоҳад ёфт.
Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия низ дар ин дидор бо гиромидошти ёду хотираи раҳбари шаҳиди Инқилоб ва нақши эшон дар масири тавсеаи мушорикати роҳбурдии ду кишвари Эрону Русия , бар азми Маскав барои истимрору таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба таъкӣд кард .
Владимир Путин бо баёни инки Амрикову режими саҳюнистӣ дар ҷараёни таҷовуз ба Эрон ба аҳдофи худ даст наёфтанд , инсиҷому муқовимати мардуми Эронро аз авомили аслии нокомии ин аҳдоф донист .
Раиси ҷумҳӯри Русия афзуд Маскав борҳо ба Амрикову Исроил ҳушдор дода буд, ки роҳкори низомӣ дар баробари Эрон ҳеҷ чашмандоз муваффақе нахоҳад дошт ва таъкид кард : Эрон кишваре бо тамаддуну фарҳанги ғанӣ ва решадор аст ва имрӯз онон дар ҳоли дарки ин воқеият ҳастанд.
Раиси ҷумҳури Русия бо таъкид бар инки Маскав тавсеаи равобит бо Теҳронро дар ҳамаи заминаҳо идома хоҳад дод , изҳор кард : Иртибототи худ бо Эронро дар тамомии ҳавзаҳо идома хоҳем бахшид ва мардуми Русия бо мардуми Эрон, ки дар ҳоли дифоъ аз манофеи худ ҳастанд , эъломи ҳамбастагӣ мекунанд.
Раиси ҷумҳури Русия дар идома бо ишора ба раванди муносиботи дуҷониба хотирнишон кард : Равобити Русияву Эрон дар ҳамаи заминаҳо ба таври пайваста дар ҳоли тавсеа аст. Русияву Эрон алорағми шароити низомӣ ва сиёсӣ , раванди рӯ ба рушди соли гузашта дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодиро ҳифз кардаанд.
Владимир Путин ҳамчунин дар ин дидор аз раиси ҷумҳӯри Эрон хости салому эҳтироми вайро ба раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ , ҳазрати оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ иблоғ кунад.