Ҳамлаи Амрико ба як маросими арӯсӣ дар ҷануби Эрон/ 4 шаҳид ва 68 захмӣ
-
Аҳмади Нафисӣ , муовини сиёсӣ , амниятӣ ва иҷтимоии устондори Ҳурмузгон
Порс тудей - Муовини сиёсӣ , амниятӣ ва иҷтимоии устондори Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон аз шаҳодати 4 нафар ва масдумияти 68 нафар дар паи ҳамлаи Амрико ба як маросими арӯсӣ дар шаҳри Куҳистаки шаҳристони Сирик хабар дод.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Аҳмади Нафисӣ , муовини сиёсӣ , амниятӣ ва иҷтимоии устондори Ҳурмузгон бо ташреҳи ҷузъиёти ҳамлаи Амрико ба як маросими арӯсӣ дар шаҳри Куҳистаки шаҳристони Сирик изҳор кард : Барои имдодрасонӣ ба ҳодисадидагон 15 мошини ёрии таъҷилӣ ба маҳал сафарбар шуд ва амалиёти оворбардорӣ низ ба поён расидааст.
Нафисӣ бо ишора ба идомаи баррасии вазъияти масдумон(захмиҳо) гуфт : Бо тавваҷуҳ ба шароити мавҷуд ва вазъияти бархе аз ҳодисадидагон , эҳтимоли афзоиши шумори шаҳидон вуҷуд дорад ва омори ниҳоӣ пас аз такмили баррасиҳо ва иқдомоти дармонӣ эълом хоҳад шуд .
Сухангӯи давлати Эрон : Изи ҷинояти Амрико дар Минобу Сирик ошкор аст
Дар ҳамин ҳол Фотима Муҳоҷиронӣ , сухангӯи давлати Эрон бомдоди чаҳоршанбе дар сафҳаи шахсии худ навишт : « Дар Миноб донишомӯзонро пушти нимкат(парта)ҳо ҳадаф гирифтанд ва дар Сирик , ҷашни арӯсиро ба азо нишонданд . »
Вай афзуд : « Дар ҳар ду изи ҷинояти Амрико ошкор аст ; ҷинояте ки ҳеҷ иддао наметавонад онро пинҳон кунад. Давлат дар андӯҳи мардуми Ҳурмузгон шарик ва дар канори онон аст. »