Рӯҳонӣ: Қудрати дифоии Эрон қобили музокира нест
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, миллати Эрон бо доштани таҷрибаи таърихӣ аз ҷанги таҳмилии ҳаштсола, нисбат ба тарҳи ҳар мавзӯе дар иртибот бо қудрати дифоии кишварашон ҳассос ва муътақид ҳастанд, ки қудрати дифоии Эрон қобили музокира нест.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Сигрид Ког, вазири умури хориҷаи Нидерландия дар Теҳрон, ба фазосозиҳои бархе кишварҳо алайҳи Барномаи мушакии Эрон ишора кард ва афзуд, Эрон алоқаманд ба гуфтугӯ бо кишварҳои ғарбӣ дар хусуси фурӯши густурдаи таслиҳоти мухарриб ба кишварҳои минтақа аст, ки аз ин силоҳҳо барои куштор ва овора кардани мардум ва нобудии манотиқи маскунӣ ва зерсохтҳои Яман истифода мешавад.
Раиси ҷумҳурии Эрон интиқоли мушак аз Эрон ба Яманро иттиҳоми комилан нодуруст ва беасос донист ва гуфт, бояд ба ҷойи ин фарофиканиҳо талошҳо дар масири поёни фаврии ҷанг, барқарории оташбас, кумак ба мардуми ниёзманди Яман ва омодасозии заминаи лозим барои оғози гуфтугӯҳои ямани – яманӣ мутамаркиз шавад.
Рӯҳонӣ изҳор дошт, Эрон омодаи гуфтугӯ бо Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти амният ва субот дар минтақа ва ҳамчунин идомаи мубориза бо терроризм аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Теҳрон аз тавсеаи рӯзафзуни равобит бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Нидерландия истиқбол мекунад ва хоҳони иртиқои ин равобит дар ростои манофеи мутақобили ду миллат аст.
Сигред Ког, вазири умури хориҷаи Нидерландия низ дар ин дидор бо баёни ин ки Иттиҳоди Аврупо ва Нидерландия дар пайи тавсеаи равобит дар ҳама заминаҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд, гуфт, кишвараш ниёзи Эронро ба барномаи таслиҳотӣ барои дифоъ аз худ машруъ ва онро ба расмият мешиносад.
Вай ҳамчунин гуфт, ширкатҳои нидерландӣ омодаи ҳамкорӣ дар тарҳҳои Эрон дар иртибот бо фанновариҳои навин, кишоварзӣ ва сарфаҷӯӣ дар масрафи энержӣ ҳастанд.