Вазъияти муҳоҷирони афғонистонии муқими Эрон матлуб аст
Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон гуфт, авзоъи муҳоҷирони афғонистонии муқими Эрон матлуб буда ва ба зӯдӣ иттифоқи хубе дар ин замина иттифоқ меафтад.
Ҳасани Козимии Қумӣ ишора ба талоши душман барои эҷоди фитна ва масоили пешомадаи ахир миёни ду миллати Эрону Афғонистон афзуд, аз чанд моҳ қабл ва ҳамзамон бо бурузи таҳаввулот дар Афғонистон, душманони ду миллат тамоми талоши худро ба кор бастанд, ки ду кишвари ҳамсояро вориди даргирӣ ва низо карда ва ҳамдилӣ миёни ду миллатро ба кудурат табдил кунанд.
Вай гуфт, бо тадбири Теҳрону Кобул ва ҳамчунин ҳӯшёрии ҳар ду миллат, фитнаи душманон бо шикаст рӯбарӯ шуд, аммо пас аз чанд моҳ, фитнаи ҷадиди чандлояии душманони ду миллат бо чеҳрае ҷадид оғоз шуд ва аз чанд ҳафтаи пеш бо тасовир ва видеоҳои сохтагӣ ва интишори густардаи онҳо дар фазои маҷозӣ эҳсосоти мардуми ду кишварро ҷариҳадор карда ва боиси бархе таҳаррукот шуданд.
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Эрон дар умӯри Афғонистон тасреҳ кард, иттифоқоте, ки муқобили консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот ва сафорати Эрон дар Кобул иттифоқ афтод низ дорои пушти саҳнаи берун аз Афғонистон аст ва таҳаррукоте аз берун вуҷӯд дорад.