Январ 29, 2023 17:33 Asia/Dushanbe
  • Шурои Аврупо 23 январ 37 фарду ниҳоди эрониро ба таҳримҳои худ изофа кард
    Шурои Аврупо 23 январ 37 фарду ниҳоди эрониро ба таҳримҳои худ изофа кард

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар дидор бо 4 намояндаи таҳримшудаи Маҷлиси шурои исломии Эрон афзуд: Ин ки Порлумони Аврупо чунин тасмимеро гирифт ва чунин иқдомеро анҷом дод, нишондиҳандаи ин аст, ки онон дарки дурусте аз фазои дохилии Эрон ва ҳатто эрониёни хориҷ аз кишвар надоранд.

Порлумони Аврупо дар идомаи иқдомоти зиддиэрониву мавозеи мудохилаҷӯёнаи ахири худ дар умури Эрон, 18 январ бо тасвиби тарҳе зиддиэронӣ, қарор гирифтани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар феҳристи мавсум ба "террористӣ" –и Иттиҳоди Аврупоро хостор шуд.

Мусавваботи Порлумони Аврупо илзомовар нест ва танҳо дар ҳукми пешниҳод ба Шурои Аврупо аст.

Ба гузориши ИРНА, Амирабдуллоҳиён афзуд: Ба мақомоти Иттиҳоди Аврупо ба сароҳат гуфта шуд, ки агар қарор бошад дар хусуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон иқдоме анҷом диҳед, ки таъсире дар ниҳоди ҳокимиятии муассири Ҷумҳурии исломии Эрон ва бахши низомии расмии ҷумҳурии исломӣ бигузорад, вокунишу посухи Ҷумҳурии исломии Эрон бисёр сахт хоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, кишварҳои аврупоӣ вазъияти худашон ва осебпазириҳояшонро комилан медонанд, баъд аз ин ки дар Порлумони Аврупо тасмими ғайриилзомовари таҳрими Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гирифта шуд, Шурои вазирони Иттиҳоди Аврупо баҳсҳои зиёде карда ва ба ин ҷамъбандӣ расиданд, ки наметавонанд бо оташ бозӣ кард ва сенарияи дувумеро пайгирӣ карданд ва он ин аст, ки теъдоде аз ашхос, аз ҷумла намояндагони Маҷлиси шурои исломиро дар листи таҳримии худашон қарор доданд.

Шурои Аврупо 23 январ 37 фарду ниҳоди эрониро ба таҳримҳои худ изофа кард.

 

Барчасп