Январ 29, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳиён дар дидор бо амири Қатар: Паёмҳое аз тарафҳои муқобили БарҶом-ӣ дарёфт шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон аз дарёфт дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷаи Қатар гуфт, паёмҳое аз тарафҳои муқобили БарҶом-ӣ аз тариқи вазири умури хориҷаи Қатар дарёфт шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар нишасти хабарии муштарак бо Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар бо қадрдонӣ аз талошҳои ин кишвар барои рафъи таҳримҳои золимона алайҳи Эрон афзуд, Қатар барои бозгашти ҳамаи тарафҳои БарҶом-ӣ ба тааҳҳудоташон талош мекунаду имрӯз паёмҳое аз тарафҳои муқобили БарҶом-ӣ дарёфт шуд.

Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз гуфтугуҳои минтақаӣ, истиқбол карда ва музокира ва масъулиятпазириро муқаддамоте зарурӣ барои расидан ба ҳамкориҳои қавӣ ва пойдор байни якояки кишварҳои минтақа  медонад.

Амирабдуллоҳиён дар ин ҳол тасреҳ кард, дар хусӯси талошҳои Қатар ва интиқоли паёмҳо дар ҳалли масаълаи гуфтугу ва барои лағви таҳримҳо аз ҳаргуна ибтикори амалӣ истиқбол мешавад.

Вазири умури хориҷаи Қатар барои дидор ва гуфтугу бо мақомоти олирутбаи Эрон,. рӯзи якшанбе ба Теҳрон сафар кардааст. Қатар аз кишварҳои ҳадаф ва бо авлавият дар сиёсати хориҷии Эрон аст ва мурӯри таърихи равобити ду кишвар нишон медиҳад, муносиботи Теҳрон - Давҳа ҳамвора амиқу рӯ ба рушд будааст.

 

Барчасп