Январ 27, 2023 20:22 Asia/Dushanbe
  • Муқобилаи нерӯҳои муқовимат бо ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Падофанди ҳавоии гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қисом бо ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар осмони Борикаи Ғазза муқобила карданд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ як маркази мутааллиқ ба неруҳои муқовимат дар маркази Навори Ғаззаро 15 бор бомбаборон карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Само"-и Фаластин, падофанди ҳавоии гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қисом, шохаи низомии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо мӯшакҳои замин ба ҳаво бо ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар осмони Борикаи Ғазза муқобила карданд.

Пойгоҳи "Ҳадшут ҳамут" дар гузроше, аз шиллики мӯшакҳои зиддиҳавоӣ барои муқобила бо ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ хабар дод, ки дар ҳоли бомбаборони аҳдофе дар Борикаи Ғазза аст.

Манобеи маҳаллӣ ҳамчунин гузориш доданд, ки зиддиҳавоиҳои гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар осмони шимоли Борикаи Ғазза бо ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ муқобила карданд.

Ин манобе гузориш доданд, ки неруҳои муқовимати ду мӯшаки замин ба ҳаво ба сӯи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар осмони Хон Юнус шиллик карданд.

Шоҳидони айнӣ ҳамчунин аз хисорати моддӣ ба чандин манзил дар натиҷаи бомбаборони шадиди режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба аҳдофи мутааллиқ ба гуруҳҳои муқовимат дар маркази Ғазза хабар доданд, ҳарчанд гузорише аз талафоти ҷонии ин ҳамалот мунташир нашудааст.

 

Барчасп