Январ 28, 2023 13:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷиҳоди исломӣ : Мавозиъи Туркияву Аморот дар бораи амалиёти Қудс хиёнат ба Фаластин аст

Мудири дафтари расонаии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт:Мавозиъи Туркияву Амороти муттаҳидаи арабӣ дар маҳкумияти амалиёти шаҳодатталабонаи Қудс хиёнат ба мардуми Фаластин аст .

Вазорати хориҷаи Туркияву Амороти муттаҳидаи арабӣ дар баёнияҳое амалиёти истишҳодии ҷумъашаб дар шимоли Қудсро, ки мунҷар ба кушта шудани ҳафт саҳюнисту захмӣ шудани 10 нафари дигар шуда буд, маҳкум карданд.
Ба гузориши рӯзи шанбеи Русия алявм, Довуд Шаҳоб-мудири дафтари расонаии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар суханоне тасреҳ кард : Баёнияҳои маҳкӯмияти Вазоратҳои хориҷаи Туркияву Аморот дар хусӯси амалиёти истишҳодии Қудс баёнгари мухолифат бо мавзеи арабӣ ва исломӣ ва хиёнат ба мардуми Фаластин аст, ки ҳар рӯз тавассути тероризми Исроил кушта мешаванд .
Ториқ Салмӣ-сухангӯи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ дар ин бора гуфт : Мавзегирии сариъи суфарои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар хусӯси амалиёти қаҳрамононаи Қудс бори дигар стандартҳои дугонаи Ғарбро ошкор мекунад .
Салмӣ афзуд : Ин кишварҳову созмонҳо дар муқобили саҳнаҳои куштори рӯзона, ки занону кӯдакони фаластиниро ҳадаф қарор медиҳаду ҷони даҳҳо инсони бегуноҳро мегирад, лол шудаву забон ба ком кашидаанд.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ ҷумъашаб гузориш доданд, як фаластинӣ ба номи Хайрӣ Алқам бо ҳамла ба саҳюнистҳо дар маҳаллаи « Аннабии Ёқуб » воқеъ дар шимоли Қудс, дастикам 7 тан аз онҳоро ба зарби гулӯла ба ҳалокат расонд ва 10 нафарро низ захмӣ кард .
Ин ҳамла дар ҳоле анҷом шуда ки Каронаи бохтарии руди Урдун рӯзи панҷшанбе шоҳиди юриши артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳри Ҷанин ва ҷиноятофаринии ҷадиде буд, ки дар ҷараёни он 11 шаҳрванди фаластинӣ шаҳид ва дастикам 20 нафари дигар низ захмӣ шуданд .
Шароити ин рӯзҳои сарзаминҳои ишғолӣ ба вижа дар Каронаи бохтарӣ бисёр вижа аст ва размандагони фаластинӣ бо ҳар василае посухи ҷиноёти бешумори саҳюнистҳоро медиҳанд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп