Январ 28, 2023 21:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон: Амалиёти «Қудс» шиканандагии системаи амниятии режими саҳюнистиро ошкор сохт

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба амалиёти шаҳодатталабонаи «Қудс», ки тайи он шуморе аз саҳюнистҳо ба ҳалокат расиданд, эълом кард, ин амалиёт як бори дигар сустӣ ва шиканандагии системаи амниятии режими саҳюнистиро ошкор сохт.

Ба гузориши Ал Маёдин, Ҳизбуллоҳ амалиёти шаби гузашта дар Қудси ишғолиро амалиёте қаҳрамонона тавсиф карду афзуд, ин амалиёт ларза ба андоми саҳюнистҳо андохту мӯҷиби тарсу ваҳшат ва нигаронии шаҳракнишинони саҳюнист шуд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин унвон кард, амалиёти шаҳодатталабона дар Қудс вокуниши сареъ ва қотеъ ба ҷинояте аст, ки саҳюнистҳо дар урдӯгоҳи Ҷанин муртакиб шуданд. Ин амалиёт ба манзалаи силии муҳкаме ба кабинаи ифротии режими саҳюнистӣ буд.

Амалиёти шаби гузаштаи як муборизи фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ ба ҳалокати дастикам 8 саҳюнисту захмӣ шудани 10 тани дигар анҷомид.

Ин амалиёти шаҳодатталабона дарпосух ба ҳамлаи рӯзи панҷшанбеи артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳри Ҷанин ва ҷиноятофаринии ҷадиде буд, ки дар ҷараёни он 11 шаҳрванди фаластинӣ шаҳид ва дастикам 20 нафари дигар низ захмӣ шуданд.