Январ 29, 2023 10:20 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар Каронаи Бохтари руди Урдун
    Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар Каронаи Бохтари руди Урдун

Хабаргузории Само аз шаҳодати як ҷавони фаластинӣ дар шарқи Қалқилия дар Каронаи Бохтари руди Урдун хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Самои Фаластин ин ҷавони фаластинӣ дар дохили шаҳраки Кадумим ба шаҳодат расида аст.

Расонаҳои саҳюнистӣ муддаи шуданд, ки вай барои тирандози талош кард, ки ҳадафи низомиёни саҳюнистӣ қарор гирифта аст.

Манобеъи саҳюнистӣ ҳачунин гузориш доданд, ки амалиёти ҷустуҷу дар ин минтақа барои ёфтани омилони дигари тирандози идома дорад.

Артиши режими нажодпарасти саҳюнистӣ шанбе шаб низ аз тирандози наздики ошхонаи дар минтақаи Алғавори Каронаи Бохтари хабар дод.

Артиши режими саҳюнистӣ иддао кард, ки ин тирандози ҳеҷ кушта ва захми барҷой нагузошта аст.

Барчасп