Дин|  Баргузории ҳамоиши «Хотуни Ҷаннат» дар Покистон / Имоми ҷумъаи аҳли суннати Оққало: Ваҳдати исломӣ зарурати динӣ ва иҷтимоӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i123622-Дин_Баргузории_ҳамоиши_Хотуни_Ҷаннат_дар_Покистон_Имоми_ҷумъаи_аҳли_суннати_Оққало_Ваҳдати_исломӣ_зарурати_динӣ_ва_иҷтимоӣ_аст
Порс-Тудей. Бо ҳузури ҷамъи уламои шиа ва аҳли суннат, конфронси «Хотуни Ҷаннат (с.а)» дар Покистон баргузор шуд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Декабр 29, 2025 06:25 Asia/Dushanbe
  • Конфронси
    Конфронси "Хотуни Ҷаннат" дар Покистон

Порс-Тудей. Бо ҳузури ҷамъи уламои шиа ва аҳли суннат, конфронси «Хотуни Ҷаннат (с.а)» дар Покистон баргузор шуд.

Ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) ҳамоиши тавзеҳи сираҳои амалӣ ва назарии духтари паёмбари гиромии Ислом (с) бо унвони «Хотуни Ҷаннат» ба тозагӣ бо ҳузури вазири умури мазҳабии Покистон ва ҷамъи шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии ин кишвар дар шаҳри Равалпиндӣ баргузор шуд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Пир Нурулҳақ Қодирӣ, вазири умури мазҳабӣ ва тақриби адён ба унвони сухангӯи вижаи ин ҳамоиш таъкид кард, ки бозхонии таълимот ва равиши ҳазрати Умми Абиҳо, боиси камоли инсонҳо, бахусус иртифои мақоми занон дар ҷомеаҳои исломӣ мешавад.

Дигар сухангӯёни ин барнома низ бар зарурати пайравӣ аз омӯзишҳои ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) дар ростои тарвиҷи ваҳдати исломӣ ва ғалаба бар чолишҳое монанди фирқагароӣ таъкид карданд.

 

Имоми ҷумъаи аҳли суннати Оққало: Ваҳдати исломӣ зарурати динӣ ва иҷтимоӣ аст

Охунд Раҳбар, имоми ҷумъаи аҳли суннати ноҳияи Оққало (шимоли Эрон) дар суханоне бо ишора ба ҷойгоҳи волои ваҳдат дар омӯзишҳои исломӣ изҳор дошт: Ваҳдати исломӣ як зарурати динӣ ва иҷтимоӣ аст ва ҳар иқдоме, ки боиси тақвияти ҳамдилӣ ва бародарӣ миёни мусалмонон шавад, иқдоме арзишманд ва пойдор хоҳад буд.