Тоҷикистон 5 дармонгоҳи тиббии сайёр аз Туркия ворид мекунад
(last modified Mon, 08 Feb 2021 17:36:10 GMT )
Феврал 08, 2021 22:36 Asia/Dushanbe
  • Ин дармонгоҳҳои сайёр рӯйи мошинҳо насб мешавад
    Ин дармонгоҳҳои сайёр рӯйи мошинҳо насб мешавад

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки 5 дармонгоҳи тиббии сайёр аз Туркия бо кумаки ройгони Бонки Рушди Исломӣ харидорӣ шудааст, ки ба зудӣ дар Тоҷикистон оғоз ба кор мекунад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода, ки барои интиқоли ин 5 дармонгоҳи тиббии сайёр дар Туркия ба сар мебарад, дар боздид аз корхонаи сохти ин таҷҳизот дар шаҳри Сакаря гуфт, ки ин имконоти пизишкӣ ба зудӣ ба Тоҷикистон мунтақил хоҳад шуд.

Ин дармонгоҳҳои сайёр рӯйи мошинҳо насб мешавад ва 18 метр тӯл, 4 метру 20 сантиметр баландӣ дорад.

Дар дохили ин дармонгоҳҳо утоқҳои муҷаҳҳаз барои ташхиси бемориҳои чашм, қалбу раг, ҳалқу гӯшу бинӣ ва дастгоҳҳои Сити Скан ва радиологӣ вуҷуд дорад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муътақид аст, ки истифода аз ин дармонгоҳҳои сайёр барои манотиқи кӯҳистонии ин кишвар корбурд ва аҳамияти вижае дорад.

Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ аст, ки дар манотиқи дурдасти он сокинони рустоҳо ба душворӣ ба хадамоти дармонӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

 

Бештар бихонед: