Январ 25, 2023 22:29 Asia/Dushanbe

Тими футзали бонувони Тоҷикистон барои ҳузур дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA - 2023 ба Тошканд сафар кард.

Ҳамчунин охирин урдӯи омодасозии тими миллии бонувони футзали Эрон низ дар Теҳрон барои ҳузур дар ин мусобиқот баргузор шуд.

Ба гузориши ихтисосии радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футзали бонувони Тоҷикистон бо ҳидояти Мустафо Афшорӣ, мураббии эронӣ барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Иттиҳоди футболи Осиёи Миёна (CAFA) роҳии Тошканд шуд.

Тими бонувони Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо 14 бозикун ширкат мекунад.

Мусобиқоти футзали қаҳрамонии CAFA - 2023 байни тимҳои футзали бонувон аз 27 то 30 январ дар Тошканд баргузор мешавад.

Тамомии бозиҳо дар маҷмӯаи варзишии «Юнусобод» баргузор мешавад.

Тими бонувони Тоҷикистон аввалин бозии худ дар ин мусобиқотро 27 январ баробари тими Узбакистон баргузор мекунад.

Тими бонувони Тоҷикистон дар даври дувуми 28 январ ба масофи Эрон меравад.

Шогирдони Мустафо Афшорӣ дар даври поёнӣ, дар таърихи 30 январ бо тими Қирғизистон дидор хоҳанд кард.

Охирин тамриноти тими миллии футзали бонувони Эрон низ барои ҳузур дар Ҷоми футзали КАФА ба мизбонии Узбакистон дар Теҳрон пайгирӣ шуд.

Гузориши ин бозиро ҳам метавонед бубинед.

 

Барчасп