Январ 29, 2023 11:18 Asia/Dushanbe
  • Барқарории хати парвоз дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе бо ҳавопаймоҳои ширкати Сомон Эйри Тоҷикистон
    Барқарории хати парвоз дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе бо ҳавопаймоҳои ширкати Сомон Эйри Тоҷикистон

Ширкати ҳавопаймои миллии Тоҷикистон аз роҳандозии хати ҳавоӣ дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маркази матбуъотии Сомон Эйр бо эъломи ин матлаб гуфт, ки интизор меравад аввалин парвоз дар ин масир 31 январи имсол анҷом мешавад соати парвоз аз Душанбе дар масири Теҳрон 17:30 дақиқа ва аз Теҳрон ба Душанбе 20:20 пешбини шуда аст.

Бар асоси барномаи таъиншуда аз 10 феврал парвозҳо дар масири Душанбе-Теҳрон ҳафтаи якбор рузҳои ҷумъа анҷмо мешавад соати парвоз аз Душанбе дар масири Теҳрон соати 14:30 дақиқа ва аз Теҳрон ба Душанбе соати 17: 20 дақиқа таъин шуда аст.

Бар асоси ин гузориш замони парвоз аз Душанбе то Теҳрон 2 соати 50 дақиқа ва аз Теҳрон ба Душанбе 2 соату 20 дақиқаро дар бар хоҳад гирифт.

Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймои буинг 737-800 ва 900 анҷом хоҳад шуд.

Дар ҳолиҳозир байни Эрон ва Тоҷикистон ду парвоз дар ҳафта панҷшанбе дар масири Машҳад якшанбе дар Масири Теҳрон тавассути ширкатҳои ҳавопаймои Эрон Айр ва Вориш анҷом мешавад.

Барчасп