Кумитаҳои муқовимати Фаластин: Саркуби занони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст
Порс Тудей - Кумитаҳои муқовимати Фаластин бо маҳкӯм кардани саркуби созмонёфтаи занони фаластинӣ дар зиндони Домуни режими саҳюнистӣ, ин иқдомотро нақзи ошкори ҳуқуқи башар ва нишонаи сиёсати низомманди ин режим барои таҳқиру озори усаро донистанд.
Ба гузориши Порс Тудей, кумитаҳои муқовимати Фаластин бо судӯри баёнияе эълом карданд, ки ҷиноёт ва иқдомоти саркӯбгаронаи созмони зиндонҳои режими саҳюнистӣ алайҳи усарои зани фаластинӣ дар зиндони Домун баёнгари иҷрои сиёсате ҳисоб шуда ва низомманд барои таҳқиру озори ин усаро ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки созмони зиндонҳои режими саҳюнистӣ бо ҷилавгирӣ аз хоби асирони зану маҳрӯм кардани онон аз пӯшоки зимистонӣ, ба таври амд шароити инсонӣ ва маъишатии ононро вахимтар карда ва бар ранҷу вазъияти фоҷеъабори онон афзӯдааст.
Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар ин баёния ин иқдомоти режимро, ки бо тасмиму ҳимояти мустақими Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режими ишғолгар анҷом мешавадро ҷилвае аз чеҳраи фашистии режими саҳюнистӣ тавсиф карданд. Ин баёния меафзояд, ончи усарои зани фаластинӣ бо он мувоҷеҳ ҳастанд, нақзи ошкори ҳуқуқи усаро, арзишҳои инсонӣ ва тамомии қавонину Конвенсияҳои байналмилалӣ аст, ки бар лузӯми эҳтиром ба каромату ҳуқуқи боздошт шудагон таъкид доранд. Ин кумитаҳо дар идома сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои байналмилалии муртабит бо умӯри усароро нишонаи фурӯпошии низоми арзишӣ ва навъе ҳамдастии ғайримустақим бо ин ҷиноёт донистанд.
Кумитаҳои муқовимати Фаластин ҳамчунин хостори таҳарруки фаврӣ ва амалии тамомии ниҳодҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи башарӣ ва инсонӣ барои таваққуфи ин иқдомот, ҳимоят аз усарои фаластинӣ ва муҳокимаи омилони ин ҷиноёт шуданд. Ин кумитаҳо дар поёни ин баёния бо таъкид бар масъӯлияти миллӣ, аз миллати Фаластин дар саросари сарзаминҳои ишғолӣ хостанд то дар ҳимоят аз усарои зану марди фаластинӣ, садои эътирози худро баланд карда ва дар баробари тадовуми ин ҷиноёту сукути байналмилалӣ вокуниш нишон диҳанд.
Дафтари иттилоърасонии усарои фаластинӣ пештар дар гузорише эълом кард, ки неруҳои режими саҳюнистӣ дар соли 2025, беш аз 200 зану духтари фаластиниро боздошт кардаанд. Дафтари иттилоърасонии усарои фаластинӣ дар ин гузориш афзуд, ки акнӯн 49 зани фаластинӣ дар зиндонҳои саҳюнистӣ, зиндонӣ ҳастанд, ки ҳудӯди як сеюми онон бидуни тафҳими иттиҳом ва дар қолаби боздошти идорӣ дар банди асорат ҳастанд.
Дафтари иттилоърасонии усарои фаластинӣ дар идомаи ин гузориш таъкид кард, ки боздошти занон ба як сиёсати ҳадафманд аз сӯи ишғолгарон табдил шуда ва бо ҳадафи эъмоли фишори равонӣ бар хонаводаҳо, наздикону бастагони онон сӯрат мегирад. Дар ин гузориш ҳамчунин ба истифодаи абзорӣ аз бархе занон ба унвони сипари инсонӣ ишора шудааст. Дафтари иттилорасонии усарои фаластинӣ бо ишора ба шароити нигаҳдории усарои зан дар зиндони Домун, аз мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи инсонӣ, аз ҷумла гурусна нигаҳ доштан, эҳмоли пизишкӣ, бозрасиҳои таҳқиромез, саркӯбу нақзи ҳарими хусӯсӣ хабар дод.