Яман: Таҳрими Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ баёнгари сарсупурдагии Аврупо ба саҳюнизми ҷаҳонӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i124922-Яман_Таҳрими_Ҳамос_ва_Ҷиҳоди_исломӣ_баёнгари_сарсупурдагии_Аврупо_ба_саҳюнизми_ҷаҳонӣ_аст
Порс Тудей — Вазорати хориҷаи Яман дар баёнияе иқдоми Иттиҳодияи Аврупоро дар ташдиди таҳримҳо алайҳи ҷунбишҳои фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ба шиддат маҳкум кард ва онро нишонаи сарсупурдагӣ ба саҳюнизми ҷаҳонӣ донист.
(last modified 2026-06-01T11:45:19+00:00 )
Июн 01, 2026 16:40 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Яман
    Вазорати хориҷаи Яман

Порс Тудей — Вазорати хориҷаи Яман дар баёнияе иқдоми Иттиҳодияи Аврупоро дар ташдиди таҳримҳо алайҳи ҷунбишҳои фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ба шиддат маҳкум кард ва онро нишонаи сарсупурдагӣ ба саҳюнизми ҷаҳонӣ донист.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Вазорати хориҷаи Яман рӯзи душанбе дар баёнияе дар вокуниш ба иқдоми Иттиҳодияи Аврупо дар афзоиши таҳримҳо алайҳи ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ таъкид кард, ки ин мавзеъ дар тазод бо бархе мавозеи мусбати давлатҳои аврупоӣ аз ҷумла Испания дар маҳкумияти наслкушӣ дар Ғазза аст. Дар ин баёния омадааст, ки ин мавзеъ ҳамчунин дар тазод бо тазоҳуроти мардумӣ дар бархе кишварҳои аврупоӣ ва мушорикати бархе фаъолони он кишварҳо дар новгони ҷаҳонии «Ас-Сумуд» барои шикастани муҳосираи Ғазза аст.

Вазорати хориҷаи Яман дар баёнияи худ зимни таъкид бар ин ки ин тасмими Иттиҳодияи Аврупо нишондиҳандаи сарсупурдагӣ ба саҳюнизми ҷаҳонӣ ва салтаи он бар теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ аст, аз мардуми Аврупо хост, ки ҳушёр бошанд ва давлатҳои худро дар қиболи ин сиёсатҳои хасмона маҷбур ба посухгӯӣ кунанд. Дар ин баёния омадааст: Яман бори дигар бар ҳимояти собити худ аз миллати Фаластин, Ҳамос, Ҷиҳоди исломӣ ва дигар гурӯҳҳои муқовимат таъкид дорад ва хотирнишон мекунад, ки чунин мавозиъе иродаи миллати Фаластин барои дастёбӣ ба ҳуқуқи машруи худро хадшадор нахоҳад кард ва Яман бо тамоми имконот ва манобеи худ дар канори миллати Фаластин ва гурӯҳҳои муқовимат боқӣ хоҳад монд.