Наҷаф дар сӯги Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ; ҳузури густурдаи мардуми Ироқ дар ойини ташйиъ + тасвирҳо
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125110-Наҷаф_дар_сӯги_Раҳбари_шаҳиди_Инқилоби_Исломӣ_ҳузури_густурдаи_мардуми_Ироқ_дар_ойини_ташйиъ_тасвирҳо
Порс Тудей - Ҳузури густурдаи мардуми Ироқ дар ойини ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ дар Наҷафи ашраф, бори дигар пайванди амиқи ду миллати Эрон ва Ироқро ба намоиш гузошт; маросиме, ки бо мушорикати анбӯҳи азодорон, шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва дар миёни тадбирҳои густурдаи амниятӣ ва хидматӣ баргузор шуд.
(last modified 2026-07-09T15:39:42+00:00 )
Июл 08, 2026 13:50 Asia/Dushanbe
  • Ташйиъи пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди инқилоб дар Наҷаф
    Ташйиъи пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди инқилоб дар Наҷаф

Порс Тудей - Ҳузури густурдаи мардуми Ироқ дар ойини ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ дар Наҷафи ашраф, бори дигар пайванди амиқи ду миллати Эрон ва Ироқро ба намоиш гузошт; маросиме, ки бо мушорикати анбӯҳи азодорон, шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва дар миёни тадбирҳои густурдаи амниятӣ ва хидматӣ баргузор шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Ирна, ойини ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ субҳи чоршанбе дар шаҳри муқаддаси Наҷафи ашраф бо ҳузури густурдаи мардуми Ироқ, зоирон, шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва дар миёни тадбирҳои густурдаи амниятӣ ва хидматӣ ва бо ҳузури анбӯҳи азодороне аз устонҳои мухталифи Ироқ, баргузор шуд.

Ташйиъи пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди инқилоб дар Наҷаф

Ҳамчунин қарор аст пас аз интиқоли пайкар ба Карбалои муалло, Абдулмаҳдӣ Ал-Карбалоӣ, намояндаи марҷаияти олии динии Ироқ, намози майитро дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ҳусайн (а) иқома кунад.

Бар асоси барномаи эълоншуда, пайкари Раҳбари шаҳиди инқилоб пас аз поёни маросим дар Наҷаф, бо ҳамроҳии як корвони расмӣ ба Карбало мунтақил мешавад, то ойини ташйиъ аз чорроҳаи «Саййида Ҷуда» ва хиёбони «Ал-Муҳофаза» ба самти ҳарамҳои мутаҳҳари Имом Ҳусайн (а) ва Ҳазрати Абулфазли Аббос (а) идома ёбад.

Ташйиъи пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди инқилоб дар Наҷаф

Пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ ва чанд тан аз аъзои хонаводаи эшон шомгоҳи сешанбе пас аз вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии Наҷаф, мавриди истиқболи расмии мақомоти ду кишвар қарор гирифт. Пеш аз он Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳур ва ҷамъе аз мақомоти аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар ойини ташйиъ вориди Наҷаф шуда буданд.

Ҳузури бонувони ироқӣ дар ташйии пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди инқилоб дар Наҷаф

Маросими истиқболи расмӣ аз пайкари Раҳбари шаҳид бо ҳузури Алӣ Фалеҳ Аз-Зайдӣ, нахуствазири Ироқ, Масъуд Пизишкиён, аъзои ҳайати ҳамроҳи вай ва ҷамъе аз шахсиятҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, ашоирӣ ва ақшори мухталифи мардуми Ироқ баргузор шуд.

Ташйиъи Раҳбари шаҳиди инқилоб дар Наҷафи ашраф

Дар ин маросим, раҳбарони «Чорчӯби ҳамоҳангӣ»-и Ироқ, аз ҷумла Нурӣ Ал-Моликӣ, раиси эътилофи Давлати қонун, Ҳодӣ Ал-Омирӣ, дабири кулли созмони Бадр, Қайс Ал-Хазалӣ, дабири кулли ҷунбиши Асоиби Аҳли Ҳақ, Аммор Ҳаким, раиси ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ, Муҳаммад Ал-Ҳалбусӣ, раиси ҳизби Тақаддум ва шумори дигаре аз раҳбарон ва шахсиятҳои сиёсии ин кишвар низ ҳузур доштанд.

Дар ҳамин ҳол, Саъд Маън, раиси воҳиди расонаии сохтори амниятии Ироқ, эълон кард, ки тамомии дастгоҳҳои амниятӣ ва хидматии Ироқ бо ҳамоҳангии комил, масъулияти таъмини амният ва назми маросимро бар уҳда доранд.

Ба гуфтаи вай, шаҳрҳои Наҷаф ва Карбало шоҳиди иҷрои густурдатарин тамҳидоти амниятӣ ва хидматӣ, аз ҷумла сомондеҳии масирҳои тараддуд, истиқрори мавкибҳои пазироӣ, таъмини об, ғизо, хидматҳои дармонӣ ва кумакҳои аввалия барои зоирон ҳастанд.

Гузоришҳо ҳамчунин ҳокист тамомии меҳварҳои мунтаҳӣ ба шаҳри муқаддаси Наҷаф аз нахустин соатҳои бомдоди чоршанбе бо трафики вазнин рӯбарӯ буда ва миллионҳо шаҳрванди ироқӣ аз устонҳои мухталифи ин кишвар ва ҳамчунин зоирони хориҷӣ барои ҳузур дар ойини ташйиъ роҳии Наҷаф шудаанд; ҳузури густурдае, ки баёнгари абъоди мардумии ин маросим ва ҳамбастагии ироқиҳо бо миллати Эрон дар сӯги Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ аст.